Сураи Таҳрим – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тахрим – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Таҳрим 66-ум сураи Қуръон буда, дар Мадина нозил шуда аз 12 оят иборат аст.

Сураи мазкура якчанд масъалаҳои шариъатиро дарбар гирифтааст. Он суолҳо ва ҳукмҳое, ки ба хонадони набувват ва модарони муъминон, яъне завҷаҳои мутаҳҳар (пок)-ӣ ҳазрати рисолатпаноҳ Муҳаммади Мустафо (с) вобастагӣ дорад, муолиҷа намудааст, ки барои ҳар як хонадону оилаи муслим ва муслима намунаи ибрат ва нусхаи комил ба ҳисоб меравад.

Ибтидои сура аз он сухан мекунад, ки ҳазрати Расулуллоҳ (с) барои ризоят ва рағбати баъзе завҷаҳои покаш канизаш Морияи Қибтияро (яке аз ҳамсарони Расули Худо (с), ки ба тариқи ҳадя аз тарафи подшоҳи Миср омада буд) бар нафси худ ҳаром кард ва муоширатро бо ӯ манъ намуд. Ин боиси он гардид, ки Расули Худо (с) мавриди итоби Аллоҳтаъоло қарор гирифт.

Баъдан сухан аз он сирре, ки Расулуллоҳ (с) ба яке аз завҷаҳояш гуфта буд ва завҷааш онро ошкор сохт ва ин боис ба носозгории завҷаҳои Расули Худо (с) ва худи ӯ (с) гардида буд, меравад. Ояти дигар рашке, ки байни завҷаҳои пок ҷой дошт, танқид карда нодурустии онро баён кардааст. Ҳамчунон Аллоҳтаъоло қиссаи зани кофираву шавҳари муъмин ва шавҳари кофиру зани муъминаро мисол овардааст.

Дар охир тавре дар шарҳи сураҳои қаблӣ ишора рафт, сухан аз он меравад, ки ҳеҷ кас аз пайвандон ва наздикон барои инсон дар охират наҷотдиҳанда шуда наметавонанд. Дар он рӯз танҳо имону амалҳои солеҳ барои наҷоти бандаи Худо сабаб шуда метавонад.

Ин буд нигоҳе мухтасар аз мундариҷа ва мазмуни сураи мазкур.


Рӯйхати оятҳои Сураи Таҳрим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Талоқ Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Таҳрим Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)