Тафсири Сураи Тахрим Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таҳрим Ояти 11
وَضَرَبَ اللّٰهُ مَثَلًا لِّـلَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا امۡرَاَتَ فِرۡعَوۡنَۘ اِذۡ قَالَتۡ رَبِّ ابۡنِ لِىۡ عِنۡدَكَ بَيۡتًا فِى الۡجَـنَّةِ وَنَجِّنِىۡ مِنۡ فِرۡعَوۡنَ وَعَمَلِهٖ وَنَجِّنِىۡ مِنَ الۡقَوۡمِ الظّٰلِمِيۡنَۙ ١١
Ва Зарабаллоҳу масала-л лил лазӣна аманумраата Фиръавна из қолат Раббибни лӣ ъиндака байтан фи-л-Ҷаннати ва наҷҷинӣ мин Фиръавна ва ъамалиҳӣ ва наҷҷинӣ мина-л қавми-з-золимӣн. 11.
11. Ва Аллоҳ барои ононе ки имон оварданд, зани Фиръавнро масале овард, ки чун гуфт: «Эй Парвардигори ман, назди Худ хонае дар Биҳишт барои ман бино кун ва маро аз Фиръавн ва аз кирдори ӯ ва аз қавми ситамгар наҷот деҳ».
Аллоҳтаъоло барои муъминон зани Фиръавнро мисол меорад, ки он зан бо вуҷуди он ки таҳти назорати душмантарини душманони Худо қарор дошт вале аз ӯ наҳаросид ва ба Худо имон оварду Аллоҳ таъолоро ибодат намуд. Он зани солиҳа Осия бинти Музоҳим буд ва пинҳонӣ аз шавҳараш дини ҳазрати Мӯсо (а)-ро пазируфта буд.
Ин як дарси ибрат аст барои кулли муъминон ва муъминаҳо, ки ӯ, Осия зани подшоҳи кишвар, соҳиби қасру, ҳазорон-ҳазор хизматгор ва соҳиби тамоми неъматҳо буд вале аз баҳри ин ҳама даргузашт ва бар хилофи шавҳари кофираш амал намуд, ба Худои ягона имон овард, ӯ имон ба Худоро аз ҳамаи ин фароғатҳо боло шумурд. Овардаанд, ки сабаби имон овардани Осия ин буд, ки Фиръавнро хазиначие буд ва он хазиначӣ зане дошт, ки имон оварда, Худои ягонаро мепарастид. Рӯзе он зан нишаста, сари духтари Фиръавнро шона мекард, нохост шона аз дасташ афтод. Ӯ гуфт: “Ноумед шавад касе, ки ба Худо имон наорад”. Духтари Фиръавн пурсид: “Магар туро ба ҷуз падари ман Худои дигаре ҳаст?” Он зан гуфт: “Рабби ману ту ва Рабби падари ту ва тамоми маҳлуқот Аллоҳтаъоло аст”. Духтари Фиръавн ба рӯи он зан шаппотие зад ва ин хабарро назди падараш бурд. Фиръавн инро шунида, он занро назди худ хонд ва аз ӯ пурсид: “Ту магар ғайри маро мепарастӣ?” Он зан гуфт: “Оре! Ман он Худоеро ибодат мекунам, ки Рабби ману ту ва Рабби тамоми оламиёнаст”.
Фиръавн аз ин дар ғазаб гардида, амр намуд то ӯро чаҳор мех зананд. Пас аз дасту пойҳои он зан чаҳор мех заданд. Баъд Фиръавн назди ӯ омада пурсид: “Оё аз раъят гаштӣ?” Он зан гуфт: “Рабби ману ту ва тамоми оламиён Аллоҳ аст!” Фиръавн гуфт: “Агар аз раъят нагардӣ, писаратро пеши чашмат хоҳам кушт!” Он зани солиҳа гуфт: “Бикун, ҳарчи, ки мехоҳӣ!”.
Фиръавн писари он занро дар назди ӯ ба қатл расонд. Рӯҳи он писар ба он зан башорат дод, ки эй модар, назди Худованд савоби ту чандон аст. Он зан инро шунида, сабр намуд. Рӯзи дигар Фиръавн омада,аз зани хазиначӣ аҳвол пурсид. Зани матин ирода ҷавоби дирӯзаи худро такрор намуд. Фиръавн писари дуюми ӯро наздаш ба ҳалокат расонд.
Рӯҳи писар модарро башорат дод, ки эй модар, сабр кун, савоби ту назди Аллоҳтаъоло беҳадду канораст.
Зани Фиръавн (Осия) башорати писарони зани хазиначиро шунида, имон овард. Аллоҳтаъоло рӯҳи зани солиҳаи хазиначиро қабз намуд, Осияро мақому мартабаи он зан дар Ҷаннат маълум гашт, имону тасдиқи ӯ ба Худо зиёдтар шуд. Фиръавн инро пайи бурда, бо ҳамнишинонаш машварат орост ва онҳоро аз Осия пурсон шуд.
Онон гуфтанд: “Мо аз Осия ба ҷуз некӣ чизи дигаре надидаем”. Фиръавн гуфт: “Ӯ ғайри маро мепарастад”. Мушовиронаш гуфтанд: “Агар чунин бошад, пас, ӯро бояд кушт!” Фиръавн ӯро низ ба чаҳор мех баста азоб медод ва аммо ӯ ба Парвардигори худ дуо мекарду мегуфт: “Худовандо, барои ман назди худат хонае бунёд кун!”.
Ин лаҳза Осия мақоми худро дида ханда кард, тасодуфан Фиръавн ҳозир шуда хандаи ӯро дид ва гуфт: “Аҷоиб, мо ӯро азоб медиҳем ва аммо ӯ механдад, магар девона аст?” Худованд рӯҳи ӯро қабз намуд. Аллоҳтаъоло аз ин ду зани солиҳа розӣ бод! (аз Ибни Касир).
Аллоҳтаъоло дар ояти зерин масалаи дигареро зикр карда аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таҳрим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «