Тафсири Сураи Тахрим Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таҳрим Ояти 12
وَمَرۡيَمَ ابۡنَتَ عِمۡرٰنَ الَّتِىۡۤ اَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيۡهِ مِنۡ رُّوۡحِنَا وَصَدَّقَتۡ بِكَلِمٰتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهٖ وَكَانَتۡ مِنَ الۡقٰنِتِيۡنَ ١٢
Ва Марямабната Ъимрона-л-лати аҳсанат фарҷаҳа фа нафахна фӣҳи ми-р-руҳина ва саддақат би калимати Раббиҳа ва кутубиҳӣ ва канат мина-л-қонитӣн. 12.
12. Ва Марям духтари Имрон, ки номуси худро пок нигоҳ дошт, пас, рӯҳе аз тарафи Худ дар он дамидем, сухани Парвардигори худ ва китобҳои Ӯро тасдиқ дошт ва аз ибодаткунандагон буд.
Ояти карима ба мақоми баланди Марям бинти Имрон, далолат мекунад. Ба ақидаи мо мусулмонон Марям зане буд, ки номус ва пардаи исмати худро покиза нигоҳ дошта, солиҳаву шарифаву тоҳира буд. Яҳудиён ақида карданд, ки Марям номуси худро аз даст дода зино кард ва Исои рӯҳуллоҳ, яъне фарзанди ӯ ҳаромзодааст.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки Марям ба шариъати поки Аллоҳтаъоло имон оварда, ба китобҳои Аллоҳтаъоло бовар дошта ва аз қавми итоъаткунандаву ибодаткунандаи Аллоҳтаъоло буд. Аллоҳтаъоло фармудааст, ки Мо ба воситаи Ҷабраил (а) дар чоки гиребони ӯ аз рӯҳи худ дамидем, дар ҳоле, ик бокира ва бешавҳар буд ва ба ин васила Марям ҳамл бардошт ва Исои рӯҳуллоҳро ба дунё овард.
Дар ҳадис омада, ки камолот аз мардон аст ва аз занон касе комила нашуд, магар панҷ зани дунё: Яке Осия зани Фиръавн, дигаре Марям бинти Имрон, севумӣ Хадича бинти Ҳувайлид ва чаҳорум Оиша бинти Абӯбакри Сиддиқ (разиаллоҳу анҳу), панҷум Фотиматуззаҳро бинти Муҳаммад (с).
Поёни сураи “Таҳрим” ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таҳрим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «