Сураи Такосур Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Такосур Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Такосур Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

اَلۡهٰٮكُمُ التَّكَاثُرُۙ‏ ١

Алҳакуму-т-такасур. 1.

1. Шуморо ҳирси афзунталабӣ машғулу ғофил сохт,

Яъне: Эй инсонҳо, хоҳиши ҷамъ кардани боигарӣ ва зиёд кардани адади фарзандон дар ин дунёи фонӣ (гузаро) шуморо чунон асири ғафлат сохт, ки дар дилатон барои муҳаббати Аллоҳтаъоло ва фикри охират дигар ҷое боқӣ намонд! Шумо ҳамеша дар фикри он шудаед, ки чи тавр пулу сарвататон аз дигарҳо зиёдтар, манзилатон бузург ва зеботар, тарафдоронатон ҳарчи бисёртар бошад.

Мехостед аз ҳама ҷиҳат ғолиби даврон бошед. Ин рафторатон то вақте идома ёфт, ки умри шумо ба охир расиду…


Рӯйхати оятҳои Сураи Такосур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Такосур – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Такосур Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)