Тафсири Сураи Таквир Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таквир Ояти 10
وَاِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتۡ ١٠
Ва иза-с-суҳуфу нушират. 10.
10. Ва ҳар вақто саҳифаҳо (номаҳои аъмол) нашр шаванд.
Мурод аз “суҳуф” номаи аъмол аст. Номаи аъмол иборат аст аз корҳои хайру (неку) шарри (бади) инсонҳо. Номаҳои аъмол рӯзи қиёмат нашр шуда, ба дасти ҳар як кас супорида мешаванд. Номаи аъмоли баъзе одамон ба дасти росташон, баъзеҳо ба дасти чапашон ва баъзеҳо аз пушти сарашон дода мешаванд. Пас, ҳар кас ба дафтари аъмоли худ назар созад, ҳар он чи ки дар дунё карда буд, ҳама дар он сабт гардидааст. Онҳо метавонанд ба натиҷаи амалҳои худ баҳо диҳанд. Он рӯз ҳисоби амалҳо аз рӯйи камоли адл сурат мегирад. Ба касе зулму беадолатӣ раво дида намешавад. Дар он ҷо одатҳои ношаръу ноҳақ, мисли хотирбинӣ, порадиҳӣ, зӯроварӣ ва ғайра дигар ба кор намеравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «