Тафсири Сураи Таквир Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Таквир Ояти 9
بِاَىِّ ذَنۡۢبٍ قُتِلَتۡۚ ٩
Би аййи занбин қутилат. 9.
9. «Бо кадом гуноҳ кушта шуд?».
Рӯшан аст, ки ин духтарчаҳо ягон гуноҳе надоштаанд. Ин суол як хитобу сарзаниш ва ҳам дилкӯбии зинда дафнкунандагони онҳост. Албатта, як тафаккур ба маънои ин ду ояти каримаи-(8-9) кифоя аст, то бифаҳмем, ки инсонҳои бо ном соҳиби ақл, аммо аз ҳақиқат бехабару беимон дар замони ҷоҳилият (пеш аз Ислом) то кадом дараҷа даст ба ваҳшоният мезаданд. Алҳамдулиллоҳ, Исломи азиз омаду онҳо дохили ин дини мубин гардиданд. Вақто ки имонашон парваришу сайқал ёфт, сурату сираташон аз чунин ваҳшониятҳо пок шуд, сари чунин ваҳшониятҳои зараровари зидди инсонӣ нуқта гузоштанд. Бо афсӯсу надомат ашкҳо мерехтанд, ғуломҳо озод мекарданд, ба мискину фақирон садақаҳо медоданд. Инчунин ба байтул-мол кумак мерасонданд. Ҳатто сарватмандони онҳо то 100-шутур садақа меоварданд.
Расулуллоҳ (с) садақаи онҳоро рад нанамуданд.
Адибе гуфтааст.
Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «