Сураи Таквир Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Таквир Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Таквир Ояти 16

الۡجَوَارِ الۡكُنَّسِ ١٦

Ал-ҷавари-л куннас. 16.

16. Сайрнамояндаи ғоибшаванда.

Калимаи “куннас” аз “таканнасу” буда, ба маънои “тастуру” яъне рӯз сатр (паноҳ) шуда, аз чашм ғоибшаванда омадааст.

Алоҳтаъоло дар ин оят бо ситорагони сайркунанда (мавқеъи худро дар Осмон нисбат ба дигар ситорагон зудтар ивазкунанда) ва рӯз ғоиб шуда шабона боз дар макони (мавқеъи) аввалаашон пайдошаванда ба таъкид қасам хӯрдааст.

Ин намуди ситорагон дар илми ҳозираи ситорашиносӣ (астрономия) сайёра ном доранд. Онҳо сайёрагони системаи Офтобианд. Олимон то ҳол 9-тои онҳоро кашф намудаанд. Замин ҳам яке аз онҳоcт. Ҳар яки ин сайёраҳо бо суръати ба худ хос аз рӯйи хатти (мадори) муайян бе хато дар атрофи Офтоб ҳаракат мекунанд. Дурахшонтарини онҳо Зуҳал, Муштарӣ, Миррих, Зуҳра, Уторуд аст. Ҷавоби қасамро дар ояти 19-ӯм, иншоаллоҳ, во мехӯред.


Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Таквир Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Таквир Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)