Сураи Таквир Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Таквир Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Таквир Ояти 29

وَمَا تَشَآءُوۡنَ اِلَّاۤ اَنۡ يَّشَآءَ اللّٰهُ رَبُّ الۡعٰلَمِيۡنَ ٢٩

Ва ма ташауна илла ай яшааллоҳу Раббу-л-ъаламӣн. 29.

29. Ва шумо намехоҳед, магар он (вақте ки) Худо Парвардигори оламиён бихоҳад.

Ин оят ҳамчун як ҳушдор аст ба инсонҳо, яъне инсон барои анҷоми коре бе ёрию лутфу ҳидояти Аллоҳтаъоло қодир нест. Маълум гардид, ки анҷоми ҳама кори баду нек ба хоҳиши Аллоҳтаъоло сурат мегирад. Дар кори нек ҳам хоҳиши Ӯ таъоло вуҷуд дорад ва ҳам ризои Ӯ. Бинобар ин, нуктаи Қуръон ин аст, ки ҳар инсони соҳибақлу соҳиб имон бояд афзалтарин роҳеро дархост намояд, ки ризои Аллоҳтаъоло дар он аст.

Дар “саҳеҳи Муслим ва “сунани Насойи ҳадисе аз Амр ибни Ҳорис омадааст, ки онҳо гуфтаанд: “Намози субҳро аз қафои Расулуллоҳ (с) хондем, шунидем, ки ӯ (с) оятҳои 15, 16, 17, ва 18-ӯми ҳамин сураро хонданд.”

Адибе гуфтааст.

Ту имрӯз фурсат ғанимат шумор,
Ки фардо надомат наояд ба кор.

Бикӯш эй тавоно, ки фармон барӣ,
Ки дар нотавонӣ басе ғам хурӣ.

Киштӣ оварду дар дарё шикаст,
Тахтае з-он ҷумла бар боло нишаст,

Гурбаву муш бар он тахта бимонд.
Корошон бо якдигар пухта бимонд.

Не зи гурба мушро рӯйи гурез,
Не зи муш он гурбаро чанголи тез

Ҳардушон аз ҳавлӣ дарёи аҷаб,
Дар таҳаййур монда хушк лаб.

Дар қиёмат низ ин ғавғо бувад,
Яъне онҷо на туву на мо бувад.

Анҷоми сураи “Таквир” Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Таквир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Таквир Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инфитор – Тафсири Осонбаён (Қуръон)