Сураи Инфитор – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инфитор – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инфитор 82-юми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 19 оят иборат аст.

Имом Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар (разиялоҳу анҳумо) ин ҳадиси шарифро ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Ҳар касе хоҳад рӯзи қиёматро ба чашми худ мисли Маҳтоб равшан бубинад, бояд ба сураҳои “Куввират”, “Инфитор” ва “Уншаққат” назар кунад”.

Сураи “Инфитор” мисли сураи “Таквир” дар хусуси қиёмат сухан меронад, лекин бо услубу оҳанги хоси худ.

Ба инсоне ки кибру ғурур дорад, хитоб мекунаду ӯро ҳушёр месозад. Дар хусуси рост будани рӯзи қиёмат ва дар бораи фариштагоне, ки инсон онҳоро намебинад, аммо онҳо барои ҳисобу китоби рӯзи қиёмат ҳамаи кору рафтори ӯро китобат мекунанд, сухан меравад. Дар ниҳоят аз оқибати ҳоли инсонҳои нек зикр мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Инфитор «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Таквир Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инфитор Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)