Сураи Талоқ Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Талок Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Талоқ Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

يٰۤاَيُّهَا النَّبِىُّ اِذَا طَلَّقۡتُمُ النِّسَآءَ فَطَلِّقُوۡهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ وَاَحۡصُوا الۡعِدَّةَ ‌ ۚ وَاتَّقُوا اللّٰهَ رَبَّكُمۡ‌ ۚ لَا تُخۡرِجُوۡهُنَّ مِنۡۢ بُيُوۡتِهِنَّ وَلَا يَخۡرُجۡنَ اِلَّاۤ اَنۡ يَّاۡتِيۡنَ بِفَاحِشَةٍ مُّبَيِّنَةٍ‌ ؕ وَتِلۡكَ حُدُوۡدُ اللّٰهِ‌ ؕ وَمَنۡ يَّتَعَدَّ حُدُوۡدَ اللّٰهِ فَقَدۡ ظَلَمَ نَفۡسَهٗ‌ ؕ لَا تَدۡرِىۡ لَعَلَّ اللّٰهَ يُحۡدِثُ بَعۡدَ ذٰلِكَ اَمۡرًا ١

Йа айюҳа-н-набийю иза таллақтуму-н-нисаа фаталлиқуҳунна ли ъиддатиҳинна ва аҳсу-л-ъиддаҳ. Ва-т-тақуллоҳа Раббакум. Ла тухриҷуҳунна мин буйутиҳинна ва ла яхруҷна илла ан яътӣна би фаҳишати-м мубаййинаҳ. Ва тилка ҳудудуллоҳ. Ва ма-й ятаъадда ҳудудаллоҳи фа қад залама нафсаҳ. Ла тадрӣ лаъаллаллоҳа юҳдису баъда залика амро. 1.

1. Эй Пайғамбар, чун хостед занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар (оғози) иддаи онҳо, (ки туҳри баъди моҳиёнаи онҳост) талоқ диҳед ва иддаро шумор кунед (ба ҳисоб гиред)! Ва аз Аллоҳ битарсед, ки Рабби шумост! берун макунед онҳоро аз хонаҳояшон! Ва онҳо низ бояд хориҷ нашаванд, магар ин ки кори беҳаёиро ошкоро ба амал оранд. Ва ин ҳадҳои муқарраркардаи Аллоҳ аст. Ва ҳар кӣ аз ҳудуди (муайянкардаи) Аллоҳ таҷовуз кунад, пас, батаҳқиқ, бар худ зулм кардааст. Ҳеҷ кас намедонад, шояд баъд аз (идда нишастан дар хонаи шавҳари худ) Аллоҳ кори наверо пайдо кунад.

Ҳарчанд, ин оят хитоб ба сӯи ҳазрати Расулуллоҳ (с) аст, вале ҳукми он ом буда, ба кулли муъминон дахл дорад. Мазмуни оят ин аст, ки эй Паёмбар (ва эй муъминон), ҳар вақте иродаи талоқ додани занони худро кардед, дар анҷоми идда ва вақти муносиб талоқ диҳед.!

Он вақти муносиб баъди тоҳир (пок) шудани зан аз ҳайз ва пеш аз ҷимоъ (алоқаи ҷинсии марду зан) аст. Дар айёми ҳайз талоқ додани зан бидъат аст. Зеро муддати иддаи он зан дароз шуда бар зарари он зан анҷом мешавад. Зани ҳайзбин бояд баъд аз гирифтани талоқ се ҳайзи комил бинад. Танҳо баъд аз ин ӯ ҳуқуқ дорад бори дигар ба шавҳар барояд. Агар зан дар ҳолати (айёми) ҳайз талоқ шавад ҳангоми ҳисоби идда, ин ҳайз чун ҳайзи якум ҳисоб намеёбад.

Барои мардҳо айёми ҳайзи зан манфур (нафратовар) аст ва онҳо дар додани талоқ ҷуръат мекунанд.

Бинобар ин, марде ки мехоҳад зани худро талоқ диҳад бояд баъд аз ҳайз пок шудани зан ва пеш аз муҷомаъат (ҳамхобӣ) ба ӯ талоқ диҳад, то насаби ин мард бо насаби марди дигар, ки он зани талоқшуда ба ӯ ба шавҳар мебарояд, омехта нагардад.

Агар зан дар ҳолати покӣ аз ҳайз ва пеш аз ҷимоъ талоқ шавад, барои ӯ зарар болои зарар воқеъ намегардад. Аммо агар зан пеш аз ҳайз талоқ шавад ё баъди ҳайзу баъди муҷомаъат талоқ гардад ва ҳамл пайдо шуда бошад, иддаи он зан аз ҳайз дидан ба вазъи ҳамл табдил мегардад, ки он 9 моҳу 9 рӯз аст.

Тавре аз ривояти сеюм дар муқаддима овардашуда огоҳӣ пайдо кардед, зани ҳайзбинандаро баъди талоқ иддааш се ҳайзи дигар аст. Зане, ки ҳайз намебинад, се моҳ интизорӣ бояд кашад ва баъд агар хоҳад ба шавҳар барояд. Аммо занеро, ки шавҳараш мурдааст, аз рӯйи шариъат чаҳор моҳу даҳ рӯз бояд сабр варзад ва баъди гузаштани ин муддат метавонад шавҳар кунад ба шарте, ки ҳомила набошанд.

Ин аз як тараф агар ба хотири пос доштани эҳтироми шавҳар бошад, аз тарафи дигар барои муайян кардани ҳамлдории зан мебошад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Талоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Ана ҳамин хел Қуръони азимушшаън инсонро ба сӯи тақво, адлу инсоф, баробарӣ даъвату ҳидоят намуда, як низоми комилу дурустро дар кори оиладорӣ ва муносибати зану шавҳар ба миён гузошта, дар ҷудо гаштани зану шавҳар як ҳадди муайянро дастур додааст, ки набояд аз он таҷовуз кард.

Агар ин дастури илоҳӣ намебуд, ҳуқуки зан аз тарафи мард поймол мегардид. Имрӯзҳо чунин одат рафтааст, ки чун зан талоқ дода шавад, ба зуддӣ шавҳараш ӯро аз хона берун месозад ё наздиконаш хабар ёфта, дарҳол ӯро ба хонаи падараш мебаранд. Дар асл бошад чунин рафтор ҷоиз нест. Мард ҳуқуқ надорад занро аз хона берун созад. На дар ҳолати ягон носозӣ ва на дар ҳолати талоқ доданаш. Бинобар ин, баъди талоқ ҳам зан аз хонааш набояд хориҷ карда шавад, то даме, ки иддаи барояш пешбиникардаи шариъат паси сар нашавад. Ин амри Парвардигор аст!

Худованд фармудааст, ки занҳои талоқшуда низ бояд аз масканҳои худ то иддаашон баромадан беузр хориҷ нашаванд. Зеро зани дар идданишаста аз хонаи шавҳари худ беузр баромада ба ҳар сӯ равад, гунаҳкор мешавад. Мутаассифона, имрӯз чунин ҳолате ба амал омада, ки талоқ он сӯ истад, ҳатто бо андак низоъи байни зану шавҳар зан роҳи хонаи падар мегирад, ё мард худро гунаҳкор намуда, бидъатеро пайдо карда яку якбора занро се талоқ медиҳад, ки ин хилофи фармудаи Худованд аст!

Лекин агар зани дар идда буда ба фаҳши ошкоро даст занад ва ё дуздӣ кунад, ё ба амали мисли инҳо даст занад, шавҳар ҳақ дорад ӯро аз хона ронад. Инҳо ҳама қонунҳои муайянкардаи Аллоҳтаъолост ва ҳар касе аз чаҳорчӯбаи муайянкардаи Аллоҳтаъоло берун ояд, бар нафси худ зулм кардааст ва ӯ гунаҳкору зиёнкор аст.

Дар давоми оят Аллоҳтаъоло мефармояд, ки эй шунаванда, ту намедонӣ баъди талоқ ҳангоми дар хонаи шавҳар идда нишастани зан Ӯ таъоло чӣ кореро пайдо мекунад!? Инҷо ҳикматест, ки шояд то баромадани идда ҳар ду ба худ оянд, қаҳру ғазаби худро нишонда, ба ҳамдигар майл пайдо кунанду риштаи гусастаро боз бо ҳам аз нав пайванд сохта оилаашонро аз вайронӣ нигоҳ доранд. Бо ибораи дигар: шояд дар ҳолати риояи қонунҳои муайян кардаи Аллоҳтаъоло дили шавҳарро аз бадбинии завҷаи дар хонааш идданишаста ба муҳаббати вай гардонаду аз як ё ду талоқи додааш пушаймон шуда, ба завҷаи (дар идданишастаи) худ руҷӯъ кунад.

Мақолаи қаблӣСураи Талоқ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Талоқ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)