Тафсири Сураи Тавба Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 1
أعُوذُ بِاللهِ مِنَ الشَّيْطِانِ الرَّجِيْمِ
Аъузу биллаҳи мина-ш-Шайтони-р-раҷӣм
بَرَاءَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى الَّذِينَ عَاهَدْتُمْ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ١
Бараату-м миналлоҳи ва расулиҳи ила-л-лазӣна ъаҳаттум-м мина-л-мушрикӣн. 1.
1. Эълони безорӣ ва лағви аҳдҳо аз тарафи Аллоҳ ва Расули Ӯ ба сӯйи шахсоне ки бо онҳо аҳд бастаед, аз ҷумла мушрикон, ошкоро омад.
Расулуллоҳ (с) соли 6-уми ҳиҷрат бо мушрикони Қурайш сулҳ бастанд ва он бо сулҳи Ҳудайбия машҳур аст. Дар он ҳангом бани Хузоъа ба тарафдории мусалмонҳо ва бани Бакр ба тарафдории қурайшиҳои мушрик дар сулҳнома имзо карданд. Муддате чанд гузашт. Бани Бакр бар хилофи аҳди бастаи худ бар бани Хузоъа юриш бурд. Мушрикони Қурайш бошанд, онҳоро бо силоҳ ва ғайра кумак расониданд, ки хилофи банди сулҳнома буд. Дар он асно Расулуллоҳ (с) низ бо баъзе қабилаҳои араб бо муддат ва бо баъзе бемуддат аҳднома баста буданд.
Инчунин аз арабҳо қабилаҳое буданд, ки онҳо бетараф буданду Расулуллоҳ (с) бо онҳо ҳеҷ аҳде набаста буд. Дар он асно баъзе аз тоифаҳое, ки бо Расулуллоҳ (с) паймон баста буданд, чун бани Бакр, бани Назир, бани Қурайза ва амсоли онҳо аҳдро шикастанд ё дар садади шикастани аҳднома қарор доштанд. Хулоса, вазъият тақозои онро пайдо кард, ки бо тамоми гурӯҳҳо бекор кардани аҳдномаҳо эълон карда шавад.
Ҳамоно Аллоҳтаъоло оятҳои ин сураро алайҳи қабилаҳои аҳдшикан нозил кард ва дар нахустин оятҳои он Расули Худ (с)-ро фармуд, ки алайҳи мушрикон эълон кунад, ки ай мушрикон, аз тарафи Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) эълон ин аст, ки мо аз он аҳду паймоне, ки байни мо ва шумо имзо шуда буд, бо сабаби паймоншикании шумо безорем. Мо дигар намехоҳем онро давом диҳем. Дар ин муддат ё шумо бо мусалмонҳо бародар шавед ва ё макони тавҳид (Макка)-ро падруд гӯед ва инак, омодаи пойкор бошед. Ояти зер муддати аз амал боздоштани аҳдномаро таъин мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «