Сураи Тавба Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 16

أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تُتْرَكُوا وَلَمَّا يَعْلَمِ اللَّهُ الَّذِينَ جَاهَدُوا مِنْكُمْ وَلَمْ يَتَّخِذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلَا رَسُولِهِ وَلَا الْمُؤْمِنِينَ وَلِيجَةً ۚ وَاللَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ ١٦

Ам ҳасибтум ан тутраку ва ламма яъламиллаҳу-л-лазӣна ҷаҳаду минкум ва лам яттахизу мин дуниллаҳи ва ла расулиҳӣ ва ла-л муъминӣна валӣҷаҳ. Валлоҳу хабӣрун би ма таъмалун. 16.

16. Оё мепиндоред, ки ба ҳоли худ вогузор мешавед, ҳол он ки мушаххас (ҷудо) насохтааст Аллоҳ касонеро, ки аз шумо набард карданд ва ба ғайри Аллоҳ ва Расули Вай ва ба ғайри муъминон ҳеҷ дӯсти пинҳонӣ нагирифтанд? Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, хуб хабардор аст.

Аллоҳтаъоло дар ин оят гуфтааст, ки ай муъминҳо, оё шумо ҳисоб мекунед, ки Мо шуморо бе ягон имтиҳон муҳмал мегузорем, азми росих ва дурӯғи шуморо намесанҷем? Ҳол он ки муъмину мунофиқ аз ҳам мушаххас нашудаанд! На!

Давоми оят аз ҷиҳоду муҷоҳидони ростин сухан карда гуфтааст, ки оё шумо мепиндоред, ки шахсоне, ки дар ҳақиқат ҷиҳод кардаанд, ғайри Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) ва ғайри муъминонро маҳрами рози худ нагирифтанд, сирру асрори мусалмонҳоро назди мушрикон пинҳонӣ фош накардаанд, аз муҷоҳиде, ки ин гуна сифатҳо дар ӯ нест, назди Аллоҳ номушаххас ва номаълум мемонад? На! Мисоли дигар. Ҳангоми даъват бисёр инсонҳо дар доираи Ислом медароянд, ҳатто ҳаракат мекунанд, ки худро мусалмон нишон диҳанд. Вале чун имтиҳони Аллоҳ болояшон ояд, ҳатто аз мусалмон будани худ пушаймон мешаванд, то метавонанд бо аҳли ҳақ зиддият намуда тарафдори гурӯҳи дигар мешаванд. Оё чунин шахс аз имтиҳони илоҳӣ гузашт? Ҳаргиз! Худованд Зотест, ки кору кирдори шуморо пурра фарогиранда аст ва аз баду неки қаблӣ ва баъдии шумо огоҳ аст, дар баробари амалҳои содиркардаатон шуморо ҷазои мувофиқ медиҳад.

Мазмуни ояти мазкурро оятҳои 1-2-3-юми сураи “Анкабут”, ҷузъи ояти 214-уми сураи “Бақара” ва ояти 179-уми сураи “Оли Имрон” таъкид мекунанд.

Ояти зер масъалаи иштироки мушриконро дар ободии масҷидҳо баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)