Тафсири Сураи Тавба Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 17
مَا كَانَ لِلْمُشْرِكِينَ أَنْ يَعْمُرُوا مَسَاجِدَ اللَّهِ شَاهِدِينَ عَلَىٰ أَنْفُسِهِمْ بِالْكُفْرِ ۚ أُولَٰئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ وَفِي النَّارِ هُمْ خَالِدُونَ ١٧
Ма кана лил мушрикӣна ай яъмуру масаҷидаллоҳи шаҳидӣна ъала анфусиҳим би-л куфр. Улаика ҳабитат аъмалуҳум ва фи-н-нари ҳум холидун. 17.
17. Барои мушрикон сазовор нест, ки масҷидҳои Аллоҳро обод кунанд, дар ҳоле ки бар нафсҳои худ куфрро гувоҳӣ медиҳанд. Онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки амалҳои онҳо табоҳ шудааст. Ва онҳо дар оташ ҷовидонанд.
Дар оятҳои гузашта баён шуд, ки рӯзи Ҳаҷҷи Акбар лағви аҳднома бо мушрикони аҳдшикан эълон гардид, ба онҳо барои қабули шартҳои Аллоҳтаъоло муҳлат дода шуд, бо гурӯҳе, ки шартҳои мазкурро қабул намекунанд, ҷиҳод эълон гардид ва инчунин эълон шуд, ки онҳо минбаъд набояд ба Масҷидулҳаром наздик шаванд. Аз мазмуни ояти мазкур фаҳмида мешавад, ки ҳама кас салоҳият надорад, ки ободии масҷид дар уҳдаи ӯ бошад. Саволе ба миён омаданаш мумкин, ки чаро онҳо дигар ба Ҳаҷ наоянд ё дохили масҷид нашаванд, ҳол он ки кумаки онҳо низ мояи ободии бинои масҷиду таъмири он буд.
Ояти мазкур ба ин савол ҷавоб дода гуфтааст, ки онон (тавре аз тарзи суханронӣ ва рафтору амалҳояшон маълум аст) кофиру мушриканд, дигар барои онҳо лоиқу сазовор нест, ки чи аз ҷиҳати маънавӣ (бо ибодат) ва чи иқтисодӣ масҷидро обод нигоҳ доранд. Зеро масҷид хонаи Худост. Онҳо ду ибодати бо ҳам мухолифро дар якҷо ҷамъ месохтанд. Бутҳои худро беруни хона росто мегузоштанд. Чун аз тавофи Каъба урён берун мешуданд, пеши бутҳои худ саҷда мекарданд ва онҳоро низ тавоф мекарданд.
Давоми оят қадру қиммати чунин шахсонро баҳо дода фармудааст, ки шахсоне, ки амалҳои солеҳ ва ширкро баробар (якранг) ҳисобида, дар амал ҷорӣ мекунанд, шахсоне ҳастанд, ки ба сабаби мушрик буданашон амалҳои солеҳи худро аз бехубун ҳабата ва ботил сохтаанд ва барои ҳамешагӣ макони худро дар Ҷаҳаннам омода кардаанд.
Ояти зер баён мекунад, ки масҷиди Худоро обод сохтан, яъне ин шараф насиби дигар шахсон аст, на мушрикон.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «