Тафсири Сураи Тавба Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 18
إِنَّمَا يَعْمُرُ مَسَاجِدَ اللَّهِ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَأَقَامَ الصَّلَاةَ وَآتَى الزَّكَاةَ وَلَمْ يَخْشَ إِلَّا اللَّهَ ۖ فَعَسَىٰ أُولَٰئِكَ أَنْ يَكُونُوا مِنَ الْمُهْتَدِينَ ١٨
Иннама яъмуру масаҷидаллоҳи ман амана биллаҳи ва-л-явми-л-ахири ва ақома-с салата ва ата-з-заката ва лам яхша иллаллоҳ. Фа ъаса улаика ай якуну мина-л-муҳтадӣн. 18.
18. Ин аст, ғайри ин чизи дигаре нест, ки масҷидҳои Аллоҳро касоне обод мекунанд, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи охир имон овардаанд ва намозро барпо доштаанд ва закотро додаанд ва ғайр аз Аллоҳ аз ҳеҷ кас натарсидаанд. Пас, умед аст, ки ин ҷамоа аз ҳидоятёфтагон бошанд.
Аллоҳтаъоло дар ин оят панҷ сифати шахсонеро, ки чи молӣ ва чи маънавӣ, ба обод сохтани масҷиди Худо лоиқанд, баён кардааст. Барои обод сохтани масҷид танҳо шахсоне сазоворанд, ки ваҳдонияти Аллоҳтаъолоро тасдиқкунандаву яқинкунанда ва ба рӯзи растохез боваркунандаанд. Зеро бузургтарин рукнҳои имон ҳамин дуи аввал аст.
Оре! Ин ду сифат ҷанбаи эътиқодӣ дошта, зербинои ҳамаи амалҳои инсон дониста мешаванд. То агар онҳо дуруст набошанд, ҳар амали поку шоистае аз инсон сар занад, олудаи ғаразҳо буда, дар охират ба соҳиби худ ҳеҷ фоидае расонида наметавонанд. Сифати сеюм ва чаҳоруми шахсоне, ки барои ободии иморати масҷиди Худо лоиқанд, ин аст, ки онҳо тамоми намозҳои фарзиро бо пуррагӣ мехонанд. Зеро намоз сутуни дин аст. Ҳар кас намозро барпо дорад, дини худро барпо доштааст. Агар закот фарз шуда бошад, адои закот амри Худост, гуфта ба мустаҳиққи он закоти фарзшударо медиҳанд.
Иҷрои ин ду амали бузург қувватбахши имон ба Аллоҳ ва боварӣ ба рӯзи охират аст. Ояти мазкур панҷумин сифати шахсонеро, ки сазовори обод нигаҳ доштани хонаи Худо ҳастанд, баён карда гуфтааст, ки онҳо дар баробари фармонҳои илоҳӣ эҳсоси масъулият намуда дилашон аз ишқи илоҳӣ пур буда, ба ғайри Аллоҳ аз ҳеҷ кас наметарсанд. Дар ҷумлаи охир омадааст, ки шахсоне, ки дорои чунин сифатҳои ҳамидаанд, шояд, ки рӯзи қиёмат дар зумраи ҳидоятёфтагон бошанд.
Муфассирон чун ибни Аббос (р) ва Абӯ Ҳайён гуфтаанд: Калимаи “асо”, ки ба маънои шояд аст, барои қатъи тамаъи мушрикон мебошад. Зеро бо вуҷуди он панҷ сифати ҳамидае, ки мусалмонон доранду сазовори ободии масҷиди Худо ҳастанд, Худованд барои онҳо гуфт, ки шояд онҳо аз ҷумлаи ҳидоятёфтагон бошанд. Акнун мушриконе, ки бо даъвои худ ободкунандагони Масҷидулҳароманд ва ҳеҷ яке аз ин сифатҳо дар онҳо нест, чӣ гуна аз ҳидоятёфтагон бошанд? Дар дигар ривоятҳо гуфтанд, ки калимаи «асо»-е, ки дар Қуръон ба мусалмонон нигаронида шуда аст, ба маънои «воҷиб» аст. Яъне ваъдаи Худо, албатта, иҷро мешавад.
Ояти зер даъвои он мушриконеро, ки худро ҳомӣ ва нигаҳбони Масҷидулҳаром ҳисобиданд, ошкоро ботил месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «