Сураи Тавба Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 19

۞ أَجَعَلْتُمْ سِقَايَةَ الْحَاجِّ وَعِمَارَةَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ كَمَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَجَاهَدَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ لَا يَسْتَوُونَ عِنْدَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ ١٩

۞ А-ҷаъалтум сиқоята-л-ҳаҷҷи ва ъимарата-л Масҷиди-л-ҳароми ка ман амана биллаҳи ва-л-явми-л ахири ва ҷаҳада фӣ сабӣлиллаҳ. Ла яставуна ъиндаллоҳ. Валлоҳу ла яҳди-л-қавма-з-золимӣн. 19.

19. Оё об додани ҳоҷиёнро ва ободии Масҷиду-л-ҳаромро бо амалҳои он касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи охир имон овардааст ва дар роҳи Аллоҳ набард кардааст, баробар гардонидаед? Назди Аллоҳ баробар нестанд ва Аллоҳ гурӯҳи золимонро ҳидоят намекунад.

Аз мазмуни оятҳои қаблӣ маълум шуд, ки мушрикони Макка хизмати Каъба ва хизмати ҳоҷиёнро қабила ба қабила, байни худ тақсим карда, дар иҷрои вазифаи хеш байни ҳамдигар фахр ҳам мекарданд. Масалан; агар қулфу калиди хонаи Каъба ба дасти қабилае бошад, хизмати ҳоҷиёнро як қабила ва аз об сероб сохтани ҳоҷиён ба ихтиёри дигар қабила буд. Хулоса, аз вазифадории худ фахр карда баъзан байни ҳам барои вазифаи ҳамдигарро гирифтан кашмакашҳо низ мекарданд. Ҳоло ояти мазкур қадру қиммати чунин тоифаро бо саволи инкорӣ баҳо дода ба он ифтихоркунандагон бо сарзаниш гуфтааст, ки оё мушриконе, ки ба ҳоҷиён об медиҳанд ва ё Масҷидулҳаромро обод нигоҳ медоранд, амали худро ҳаммонанди амали касоне қарор додаанд, ки онҳо ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи ризои Ӯ таъоло ҷиҳод кардаанд? На! Ин ду гурӯҳ ҳеҷ вақт назди Аллоҳ баробар нест. Касе масҷидро обод нигоҳ дорад, дар хизмати ҳоҷиён бошад, онҳоро аз об сероб созад, локин худи ӯ мушрик бошад ба ӯ чи фоида? Ҳарчи қадар мушрикон амали хубро анҷом диҳанд ҳам, ҷумлаи охири оят онҳоро золим гуфтааст. Худованд ҳеҷ вақт золимонро, то он вақте ки онҳо ҳақиқатро намешиносанд, ҳидоят намекунад. Фазли муъминҳоро ояти зер баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)