Сураи Тавба Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 20

الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ أَعْظَمُ دَرَجَةً عِنْدَ اللَّهِ ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ ٢٠

Ал-лазӣна аману ва ҳаҷару ва ҷаҳаду фӣ сабӣлиллаҳи би амвалиҳим ва анфусиҳим аъзаму дараҷатан ъиндаллоҳ. Ва улаика ҳуму-л-фаизун. 20.

20. Ононе ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ бо молҳои худ ва ҷонҳои худ набард карданд, назди Аллоҳ дар дараҷа бузургтаранд. Ва онҳо комёбанд.

Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки шахсоне, ки нафсҳои худро аз чирки ширк бо овардани имон пок карданд ва аз ватан барои ризогии Аллоҳ ҳиҷрат карданд, бо сарфи молҳои худ ва ҷонҳои худ дар роҳи ризои Раҳмон сарф ҷиҳод карданд ва ин гуна сифатҳои бузургро соҳиб шуданд, назди Парвардигорашон нисбат ба шахсоне, ки бо обод сохтани Масҷидулҳаром ва бо об додани ҳоҷиён фахр мекунанду лекин дар асл мушриканд, соҳиби дараҷаҳои баланд буда растагоранд. Муждаи шахсоне, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи охират имон доранд ва бо нафсу моли худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданду комёб шуданд, дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)