Тафсири Сураи Тавба Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 29
قَاتِلُوا الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَلَا بِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَلَا يُحَرِّمُونَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَلَا يَدِينُونَ دِينَ الْحَقِّ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حَتَّىٰ يُعْطُوا الْجِزْيَةَ عَنْ يَدٍ وَهُمْ صَاغِرُونَ ٢٩
Қотилу-л-лазӣна ла юъминуна биллаҳи ва ла би-л-явми-л-ахири ва ла юҳарримуна ма ҳаррамаллоҳу ва расулуҳу ва ла ядӣнуна дӣна-л-ҳаққи мина-л лазӣна уту-л-китаба ҳатта юъту-л-ҷизята ъа-й ядив ва ҳум соғирун. 29.
29. Ҷанг кунед бо ононе ки (аз тарафи Аллоҳ) ба онҳо Китоб дода шуд, на ба Аллоҳ имон доранд ва на ба рӯзи охират ва он чиро, ки Аллоҳ ва фиристодаи Ӯ ҳаром сохтааст, ҳаром намешуморанд ва дини ростро қабул намекунанд, бо онҳо чунон ҷанг кунед, ки ҳатто аз дасти худ ҷизя диҳанд, дар ҳоле ки хор бошанд.
Ибораи аҳли китоб дар ин оят барои ифодаи тобеони ҳазрати Мӯсо (а), ки ҳоло онҳоро яҳудӣ ва табеони ҳазрати Исо (а), ки онҳоро насронӣ мегӯянд, истифода шудааст.
Мо имон ба он дорем, ки Аллоҳтаъоло дар замони ин ду пайёмбари улулазм китобҳои муқаддасе чун Таврот ва Инҷилро барои ин пайғамбарон фиристодааст. Онҳо мувофиқи тақозои замони худ бо ин китобҳо мардумро ба роҳи росте, ки ризои Аллоҳ дар он аст ва роҳе, ки онҳоро бо ҳаёти абадие ки ба сӯйи Ҷаннат ҳасту мепайвандад, даъват кардаанд. Чун ин пайғамарон аз олам гузаштанд, пас аз муддате чанд давраи фуруд омадани Қуръону Пайғамбари охируззамон даррасид. Акнун ҳама мебоист ба Қуръон ва Муҳаммад (с) имон меоварданд. Гурӯҳе аз тобеъони пайғамбарони номбурда ба Қуръону Расули охирин (с) бовар накарданд. Онҳоро аҳли китоб ё кофири китобӣ гуфта мешавад.
Охирон юрише, ки аз тарафи душман алайҳи мусалмонҳо шуд, ин юриши қабилаи Ҳавозан ҳамроҳи сақифиҳо буд, ки он ҳодиса дар таърих ғазои Ҳунайн ном дорад. Ҳоло дар ин оят аҳли китоб нисбати дигарон бисёртар мавриди сарзаниш қарор гирифтанд. Ин ба хотири он аст, ки онҳо дар Тавроту Инҷил ҳақиқатро ошкоро хонда буданд, бо вуҷуди он ба Қуръон имон наоварданд. Аллоҳтаъоло дар ин оят Пайғамбари Худро амр кард, ки алайҳи аҳли китоб, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоранд ва он чиро, ки Аллоҳ ва Расули Ӯ ҳаром ҳисобидаанд, ҳаром намедонанд ва дини ҳаққ (Ислом)-ро қабул надоранд, то онҳо бо камоли хорӣ, бидуни он ки касе вакили онҳо шавад, бо дастҳои худ ҷизя супоранд, мубориза барад. Моли ҷизяе, ки аз онҳо гирифта мешавад, моли Байтулмоли мусалмонҳо буда, барои эҳтиёҷоти умумии онҳо сарф мешавад.
Оре! Решаи ҳамаи бадиҳое, ки дар рӯйи Замин пайдо мешавад, ин ба ягонагии Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат бовар надоштан аст. Агар ҳама бовар медоштанд, ивази ҳама бадиҳо хубиҳоро дар рӯйи олам ҷорӣ мекарданд. Касе, ки ба дини Ислом итоъат намекунад, гӯё ба ҳеҷ дин итоат накардааст. Вазифаи мусалмон он аст, ки чунин шахсонро ба дини ҳақ даъват кунад. Агар мубориза бо ғайри аҳли китоб оғоз шавад, аз онҳо ҷизя қабул нест. Ҳукми онҳо дар китобҳои фиқҳ муфассал баён шудааст. Ояти зер омилҳои тарзи муомила бо аҳли китобро муайян мекунад.
Аввалин касоне, ки қабл аз вафоти Расулуллоҳ (с) ҷизя пардохтанд, аҳолии Шом (Сурия) буданд. Тарзи ҷизя додани аҳли китобро, ки байни мусалмонон зиндагонӣ мекунанд, аз китобҳои аҳодис ва фиқҳ ҷӯё шавед!
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «