Тафсири Сураи Тавба Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 30
وَقَالَتِ الْيَهُودُ عُزَيْرٌ ابْنُ اللَّهِ وَقَالَتِ النَّصَارَى الْمَسِيحُ ابْنُ اللَّهِ ۖ ذَٰلِكَ قَوْلُهُمْ بِأَفْوَاهِهِمْ ۖ يُضَاهِئُونَ قَوْلَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ قَبْلُ ۚ قَاتَلَهُمُ اللَّهُ ۚ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ ٣٠
Ва қолати-л-яҳуду Ъузайрубнуллоҳи ва қолати-н-насора-л Масӣҳубнуллоҳ. Залика қавлуҳум би афваҳиҳим. Юзоҳиуна қавла-л-лазӣна кафару мин қабл. Қоталаҳумуллоҳ. Анна юъфакун. 30.
30. Ва яҳудиён гуфтанд: «Узайр писари Аллоҳ аст» ва насоро гуфтанд: «Масеҳ писари Аллоҳ аст». Ин гуфтори онҳост, ки бо даҳонҳояшон мегӯянд. Мушобеҳ мекунанд сухани худро ба гуфтори ононе ки аз ин пеш кофир шуданд. Аллоҳ онҳоро ҳалок кунад! Чӣ гуна (аз роҳи ҳақ) баргардонида шуданд?
Дар ояти қаблӣ аз омилҳое, ки сабаби мубориза алайҳи аҳли китоб ё ҷизя пардохтани онҳо мегарданд, сетоаш баён шуд. Ҳоло ояти таҳти назар омили чаҳорумро баён кардааст, ки яҳудиҳо ҳазрати Узайр (а)-ро ба Аллоҳ шарик ҳисобида гуфтанд: «Ӯ писари Худост». Ривоят шудааст, ки ин суханро яҳудиҳо ҳангоме гуфтаанд, ки онҳо Тавротро билкул фаромӯш карда буданд. Узайр (а), ки Тавротро аз ёд медонист, барои онҳо аз сари нав онро навишт. Мисли онҳо насоро ҳам диданд, ки ҳазрати Исо (а) мурдагонро зинда мекунад ва ҳоли онҳоро мепурсад ва диданд, ки ӯ (а) бепадар ба дунё омадааст, ӯ (а)-ро бе ягон далелу ҳуҷҷат писари Худо эълон карданд ва шарики Худо ҳисобидаанд.
Давоми ояти мазкур баҳои чунин шахсонро баён карда гуфтааст, ки ин гуна суханҳои беарзишу бефоида суханҳои онҳост, ки фақат бо даҳони бефарози худ мегӯянд. Ин гуна сухан ҳеҷ эътиборе надорад. Зеро дар китоби аслии яҳудиён ва насрониён (ки ҳоло аз байн рафтаанд) ин гуна ақида ва сухан набуд. Онҳо чунин ақидаро аз ақидаи мушрикҳои юнонӣ, румиҳо, ҳиндуҳо ва мисриҳо гирифтаанд. Яъне яҳуду насоро дар суханашон монанд ба касоне шудаанд, ки пеш аз инҳо дар ҳолати кофирӣ аз олам гузаштаанд.
Дар охир Аллоҳтаъоло чунин инсонҳоро нафрин хонда гуфтааст, ки Худо онҳоро бикушад (лаънат кунад), ки чӣ гуна баъди ошкор шудани ҳақ, онҳо аз ин роҳ рӯ гардонида, роҳи ҳақро дурӯғ ҳисобида, худро дар ботил заданд? Аз ривоятҳо маълум мешавад, ки дар он рӯзгор, агарчанде ҳамаи яҳудиён пайрави ақидаи фарзанди Аллоҳ ҳисобидани Узайр (а) набошанд ҳам, локин гурӯҳе буд, ки дар ин ақида буд. Дар замони кунунӣ ҳам, бо ривояти баъзе уламо дар сарзамини Фаластин қабилаи яҳудиҳое вуҷуд дорад, ки онҳоро қабилаи Узайрия меноманд.
Ояти зер омили панҷумеро, ки аҳли китобро маҳкум ба таслим шудану ҷизя супоридан гардонид, баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «