Сураи Тавба Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 31

اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا إِلَٰهًا وَاحِدًا ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ ٣١

Иттахазу аҳбараҳум ва руҳбанаҳум арбаба-м мин дуниллаҳи ва-л-Масӣҳабна Маряма ва ма умиру илла лияъбуду Илаҳа-в Ваҳида. Ла илаҳа илла Ҳу. Субҳанаҳу ъамма юшрикун. 31.

31. Уламои худро ва обидони худро аз ғайри Аллоҳ худоҳо гирифтанд ва Масеҳ писари Марямро (низ), ҳол он ки ба онҳо амр нашуда буд, магар ин ки Аллоҳи ягонаро ибодат кунанд. Зеро нест маъбуде барҳақ ғайри Ӯ. Аз он чӣ шарики Ӯ муқаррар мекунанд, пок аст.

Оятҳои қаблӣ ширки эътиқодии аҳли китобро бо чаҳор сабаб баён карданд, ҳоло ояти мазкур сабаби панҷумро, ки он ширки амалии (ибодатии) онҳост, баён кардааст. Калимаи “аҳбор” ҷамъи “ҳибр” ба маънои донишманду олим истифода мешавад. Калимаи “раҳбон” шакли ҷамъи роҳиб аст. Шахсеро роҳиб меноманд, ки ӯ тарки дунё карда, дар дайр (монастир)-ҳо сукунат карда, доимо ба ибодат машғул аст. Мувофиқи маънои ояти мазкур яҳуду насоро барои он ба лаънати Худо гирифтор шуданд, ки ба ғайри Аллоҳ донишмандон ва роҳибони дар байнашонбуда ва Масеҳ (а) писари Марямро баробари Парвардигор қарор доданд. Яъне онҳо то дараҷае гумроҳ буданд, ки бо аҳкоми китобҳои осмонӣ сару коре надоштанд. Ҳар он чиро ки донишмандон ва роҳибҳо барои онҳо ҳалол ё ҳаром мегуфтанд, агарчи хилофи шариъаташон мебуд ҳам, итоъат карда, ҳукми пешвоҳояшонро мояи наҷоти худ меҳисобиданд. Аҳбору роҳибҳо бошанд, барои ба даст овардани андак сармоя ҳукми шаръро дигаргун месохтанд. Ҳоло ривояте барои шарҳи ин гуфтаҳо: Адӣ (р) писари Ҳотами Тойи, ки машҳур ба саховат аст, мегӯяд: Рӯзе хизмати Расулуллоҳ (с) расидам. Ҳамоно дар гардани ман салибе (крест) аз тилло овезон буд. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Эй Адӣ, он бутеро, ки дар гардани туст, онро парто!» Ман дарҳол онро афгандам. Адӣ мегӯяд: «Ҳамзамон Расулуллоҳ (с) ояти мазкурро қироят карданд. Ҳангоме ки оятро ба охир расониданд, гуфтам: Мо ҳеҷ гоҳ пешвоёни худро намепарастем». Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Оё шумо касоне нестед, ки он чиро, ки Аллоҳ ҳалол ҳукм кардааст, агар пешвоёни шумо ҳаром ҳукм кунанд, шумо низ онро ҳаром меҳисобед? Ё ҳаромкардаи Аллоҳро ҳалол ҳукм кунанд, шумо низ ҳалол мешуморед?» Гуфтам: Оре! Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Ҳамин аст парастиши шумо пешвоёни худро!» Маълум аст, ки яҳуду насоро дар баробари уламо ва раҳбониҳои худ саҷда намекарданд ё барои онҳо намозу рӯза ва ё дигар ибодатҳоро анҷом намедоданд, локин дар итоъати онҳо, ки бидуни қайду шарт қарор доштанду иҷрои ҳукмҳои онҳоро, ки хилофи ҳукми Худо ҳам буд, воҷиб медонистанд, зери итоби ин оят қарор гирифтанд.

Ин пайравии кӯркӯронаи онҳоро Қуръон «Уламои худро ва обидони худро аз ғайри Аллоҳ худоҳо гирифтаанд…» номидааст. Гузашта аз ин, ҳатто Исо (а), Мӯсо (а), Узайр (а) маъмур набуданд, ки ба ғайри Худои ягона, он Худое, ки ғайри Ӯ ҳеҷ кас шоистаи парастиш нест ва аз он чизҳое, ки мушрикон онҳоро шарики Вай қарор медиҳанд, пок аст, бипарастанд, пас чи гуна онҳо лоиқи парастиш бошанд? Маълум шуд, ки ҳама шахспарастиҳо бидъат, хурофот ва ҳукмҳои онҳо амре аз тарафи Аллоҳ нест, балки бофтаи онҳост.

Шашумин омилеро, ки сабаби мазаммати аҳли китоб аст, ояти зер баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)