Сураи Тавба Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 36

إِنَّ عِدَّةَ الشُّهُورِ عِنْدَ اللَّهِ اثْنَا عَشَرَ شَهْرًا فِي كِتَابِ اللَّهِ يَوْمَ خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ مِنْهَا أَرْبَعَةٌ حُرُمٌ ۚ ذَٰلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ ۚ فَلَا تَظْلِمُوا فِيهِنَّ أَنْفُسَكُمْ ۚ وَقَاتِلُوا الْمُشْرِكِينَ كَافَّةً كَمَا يُقَاتِلُونَكُمْ كَافَّةً ۚ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ ٣٦

Инна ъиддата-ш шуҳури ъиндаллоҳисна ъашара шаҳран фӣ китабиллаҳи явма халақа-с-самавати ва-л-арЗа минҳа арбаъатун ҳурум. залика-д-дӣну-л-қаййим. Фа ла тазлиму фӣҳинна анфусакум. Ва қотилу-л мушрикӣна каффатан кама юқотилунакум каффаҳ. Ваъламу анналлоҳа маъа-л-муттақӣн. 36.

36. Ҳаройина, шумори моҳҳо назди Аллоҳ аз рӯзе, ки осмонҳо ва Заминро офарид, дар Китоби Аллоҳ дувоздаҳ моҳ аст, аз он ҷумла чаҳор моҳ, ки (дар онҳо ҷанг) ҳаром аст. Ин аст дини рост. Пас, ситам накунед дар он чаҳор моҳ бар нафсҳои худ. Ва бо ҳамаи мушрикон ҷанг кунед, чуноне ки бо ҳамаи шумо ҷанг мекунанд. Ва бидонед, ки албатта, Аллоҳ ҳамроҳи муттақиён аст.

Ояти мазкур аз эҳтироми моҳҳое, ки дар онҳо ҷанг ҳаром аст, сухан карда, дар оғоз гуфтааст, ки аз он рӯзе, ки Аллоҳтаъоло Замину Осмонро халқ кард, теъдоди моҳҳое, ки дар китоби Аллоҳтаъоло (Лавҳулмаҳфуз) сабт шудааст, дувоздаҳ моҳ аст, на чаҳордаҳ моҳ, чуноне ки мушрикон одат доштанд. Аз ин дувоздаҳ моҳ чаҳор моҳи он чун зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам ва раҷаб моҳҳои муҳтараму муъаззаманд. Савоби тоъатҳое, ки дар ин моҳҳо ҳосил мешавад, хеле зиёд ва ҷанг дар ин моҳҳо ҳаром аст. Ин барои он аст, ки то заминаи сафар ва баргузории маносики Ҳаҷ ва Умра ба хубӣ фароҳам шавад. Яъне то ҳоҷиён тавонанд ба сафар омода шаванд, бо оромӣ Ҳаҷҷу Умра кунанд ва бо оромии комил ба диёри худ баргарданд. Дар ҷумлаи баъдӣ гуфтааст, ки ин аст дини устувору ростин. Яъне ҳурмат гузоштан ба онҳо дини росту дуруст ҳисобида шудааст. Сипас изофа карда гуфтааст, ки дар он моҳҳо (ё дар тамоми моҳҳо) бо содир кардани гуноҳ ё ҷанг нисбат ба онҳо беҳурматӣ карда, бар худ ситам накунед, ки ҷазои гуноҳ дар ин моҳҳо (чуноне ки дар ояти 25-уми сураи «Ҳаҷ» мегузарад) чандин баробар зиёд аст. Локин чуноне ки дар ояти 194-уми сураи “Бақара” гузашт, агар ҳаром эълон кардани ҷиҳод дар ин чаҳор моҳ сабаби ҷасорат ва ҳамлаи душман шавад, дар чунин сурат дар тамоми моҳҳо ҳатто дар моҳҳои ҳаром низ бе ягон монеъа ҳама мусалмонҳо метавонанд бо ҳамдастии якдигар, чуноне ки мушрикон бо ҳамдастии ҳамдигар (чун қабилаи Ҳавозан ва Сақиф ва дигар қабилаҳое, ки бо онҳо пайваста) алайҳи мусалмонҳо ҷанг эълон карданд, алайҳи онҳо биҷанганд. Дар ин ҳолат ҳеҷ гуноҳи ҳурматшикание барои онҳо набошад.

Дар ҷумлаи охир Аллоҳтаъоло ба тақводорон башорат дода гуфтааст, ки бидонед, албатта, Аллоҳтаъоло ҳамроҳи худотарсон аст. Онҳоро аз ҳар гуна дасиса нигоҳ медорад ва ҳамеша онҳоро нусрат медиҳад. Яъне шахсоне, ки амалҳои исломиро дақиқан риъоя мекунанд, дар замонати Аллоҳтаъоло дохиланд.

Ногуфта намонад, ки низоми кунуние, ки дар ҳаракати Офтобу Моҳтоб ва Замин дида мешавад аз аввали офариниши дунё то ҳол идома дорад. Замин бо ҳамроҳии Моҳ атрофи Офтоб аз рӯйи мадори муаяйн дар 354 – рӯзу 8-соату 44-дақиқаю 45,6 сония як бор давр мезанад, ки ин муҳлат чун 1 сол қабул шудааст. Моҳ дар атрофи Замин дар 29 рӯзу 12 соату 44 дақиқаю 3,8 сония давр мезанад, ки ин муҳлат чун 1 моҳ пазируфта шудааст. Як сол аз 12 моҳ иборат аст. Барои осон гардонидани ҳисоби солу моҳ тақвим (календар)-ҳои гуногун мавҷуданд. Дар тақвими исломии маъмул 2 моҳ баробар ба 59 рӯз қабул шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)