Сураи Тавба Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 40

إِلَّا تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لَا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا ۖ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنُودٍ لَمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلَىٰ ۗ وَكَلِمَةُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيَا ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ ٤٠

Илла тансуруҳу фақад насараҳуллоҳу из ахраҷаҳу-л лазӣна кафару санияснайни из ҳума фи-л-ғори из яқулу ли соҳибиҳӣ ла таҳзан инналлоҳа маъана. Фа анзалаллоҳу сакӣнатаҳу ъалайҳи ва айядаҳу би ҷунуди-л лам таравҳа ва ҷаъала калимата-л лазӣна кафару-с-суфла. Ва калиматуллоҳи ҳия-л-ъулйа. Валлоҳу Ъазӣзун ҳакӣм. 40.

40. Агар Расулро мадад накунед (ба ӯ чи зиён)? Батаҳқиқ, Аллоҳ ӯро ёрӣ додааст. Ҳангоме ки кофирон ӯро (аз ватан) берун кашиданд, дар ҳоле ки ӯ бо нафари дуввӯм дар ғор буданд, он гоҳ Расул барои рафиқи худ гуфт: «Ғамгин машав, бе шак, Аллоҳ ҳамроҳи мост». Пас, Аллоҳ таскини худро бар вай фуруд овард ва ӯро бо лашкарҳое ки онҳоро намедидед, тақвият дод ва даъвати кофиронро фурӯтар гардонид. Ва сухани Аллоҳ ҳамон аст баландтар Ва Аллоҳ ғолибу соҳиби ҳикмати бузург аст.

Аллоҳтаъоло дар ин оят шахсонеро, гирифтори муҳаббати дунё ё васвасаҳои мунофиқон гашта буданд, бори дигар ҳушдор дода гуфтааст, ки эй муъминҳо, агар шумо Пайғамбари Мо (с)-ро ёрӣ надиҳед, Мо ҳимоя ва ёрии худро аз ӯ (с) дареғ намедорем. Дар ҳассостарин ва сахттарин лаҳзаҳо, ки на ӯро ёрирасонҳо буданду на шумо будед, нагузоштем, ки душманҳояш ба ӯ (с) зиёне расонанд, акнун ба ӯ (с) зиён мерасад? На!

Бинобар ишораи ояти мазкур ҳолати ҳасостарине, ки бо Расулуллоҳ (с) рух дод, замоне буд, ки Расулуллоҳ (с) маҷбур шуд ба Мадина ҳиҷрат кунад. Мухтасаран зикри он қисса чунин аст.

Мушрикони Макка байни худ машварат оростанд, ки ӯ (с)-ро аз байн баранд ё ба ҳабс гиранд ва ё бадарға кунанд. Бо ёрии шайтон машварати онҳо бо қабулшавии пешниҳоди Абӯҷаҳл ба чунин натиҷа расид, ки бояд ҳамин шаб аз ҳама қабилаҳо як нафарӣ ҷамъ шаваду ӯ (с)-ро ба қатл расонанд. Дар ҳақиқат атрофи хонаи Расулуллоҳ (с)-ро он шаб иҳота карданд, локин Аллоҳтаъоло аз макри онҳо ӯ (с)-ро наҷот дод. Яъне Расулуллоҳ (с) бо иродаи Парвардигор мувофиқи маслиҳати пештарае, ки доштанд, бо дӯсти худ Абӯбакри Сиддиқ (р) аз Макка ба тарафи ғори Савр, ки дар Ҷануби Макка воқеъ аст, чунон ҳаракат карданд, ки ҳеҷ яке аз мушрикон хабардор нашуд. Онҳо ҳамагӣ ду нафар дар ғори Савр аз мушрикон паноҳ шуданд. Мушрикон аз пайи онҳо шуданд. Кофтукови мушрикон то он ҷо низ расид. Ҳатто яке аз онҳо чунон ба ғор наздик шуд, ки агар пеши пойи худро менигарист, онҳоро медид, локин иродаи Аллоҳ дигар буд. Ӯ ба атроф нигаристу бо гумони он, ки онҳо дар инҷо нестанд, баргашт. Дар он асно Абӯбакри Сиддиқ (р) бо гумоне, ки Расулуллоҳ (с) ба дасти душман афтад, ба ӯ (с) зарар мерасонанд, дар изтироб буд. Локин Аллоҳтаъоло дар дили Расули Худ чунон оромиеро андохта буд, ки ҳар замон Абӯбакр (р)-ро ором мегардонд ва ба ӯ (р) мегуфт: «Андӯҳгин машав, Аллоҳ бо ёрии Худ ҳамроҳи мост». Чун кофтукови мушриконе, ки пайи онҳо буданд, қатъ шуд, баъди се рӯз Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи Абӯбакри Сиддиқ (р) тарафи Мадина равон шуданд. Табарӣ бо ҳамин мазмун аз Анас (р) ва Ӯ аз Абӯбакр (р) ривоят кардааст, ки Абӯбакр (р) гуфт: Замоне ки ман ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) дар ғор будему мушрикон болои сари мо қарор доштанд, гуфтам: “Эй Расули Аллоҳ, агар яке аз онҳо қадами худро бардораду тагро нигоҳ кунад, албатта, моро мебинад.” Расулуллоҳ (с): «Эй Абӯбакр! Ту ба ин ду нафар чи фикр дорӣ, ки Аллоҳ сеюми онҳост?» гуфта дили маро ороми бахшинд.

Давоми оят гуфтааст, ки Аллоҳ онҳоро дар он ғор бо сарбозоне (фариштагоне), ки ту онҳоро дида наметавонистӣ, посбонӣ кард ва бо ҳамин Аллоҳтаъоло ба он мақсаде, ки мушрикон алайҳи Расулуллоҳ (с) дошта буданд, нарасонд ва барномаи манфури онҳо зеру забун гашт. Барнома ва гуфти илоҳӣ, ки калимаи Тавҳид ва даъвати Ислом буд, боло қарор гирифт. Бо ин калима Аллоҳтаъоло мусалмонҳоро нусрату ғалаба дод ва мушриконро хор гардониду онҳо ба мақсади худ нарасиданд.

Зеро Худованд соҳибҳикмати бузург аст, ҳар корер


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

о ирода кунад, албатта, Ӯ ғолиб аст ва роҳҳои пирӯзиро ба пайғамбараш нишон медиҳад ва бо қудрати худ ӯ (с)-ро ёрӣ мерасонад.

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)