Тафсири Сураи Тавба Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 42
لَوْ كَانَ عَرَضًا قَرِيبًا وَسَفَرًا قَاصِدًا لَاتَّبَعُوكَ وَلَٰكِنْ بَعُدَتْ عَلَيْهِمُ الشُّقَّةُ ۚ وَسَيَحْلِفُونَ بِاللَّهِ لَوِ اسْتَطَعْنَا لَخَرَجْنَا مَعَكُمْ يُهْلِكُونَ أَنْفُسَهُمْ وَاللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّهُمْ لَكَاذِبُونَ ٤٢
Лав кана ъараЗан қарӣба-в ва сафаран қосида-л ла-т-табаъука ва лакин баъудат ъалайҳиму-ш шуққаҳ. Ва саяҳлифуна биллаҳи лав-истатаъна ла хараҷна маъакум юҳликуна анфусаҳум Валлоҳу яъламу иннаҳум ла казибун. 42.
42. Агар он чӣ, ки ба он онҳоро даъват мекунӣ, моли зудёб ва сафари миёна (наздику осон) буд, албатта, туро пайравӣ мекарданд. Валекин масофати роҳ бар онҳо дур намуд. Ва зуд ба Аллоҳ қасам хӯранд, ки «агар қудрат медоштем, ҳаройина ҳамроҳи шумо берун мерафтем». Онҳо нафсҳои худро ҳалок мекунанд. Ва Аллоҳ медонад, ки албатта онҳо дурӯғ мегӯянд.
Худованд дар ояти мазкур аз ҳоли шахсони заъифимон, ба хусус аз мунофиқон, ки доимо ба манфиати шахсии худ назар карда, худро дар сафи мусалмонҳо мегиранду худро ҳамчун мусалмон намоиш медиҳанд, хабар дода бо эълони ғазои Табук сирри онҳоро фош сохтааст. Яъне он соатҳо тақозо мешуд, ки мусалмонҳо барои барқарор кардани дину диёнати худ бояд машаққат кашанд. Шахсони заъифимон дар он асно асрореро, ки дар дил доштанд, ошкор сохта гуфтанд, ки Табук дур асту ҳаво гарм, қувваи душман калон, мо наметавонем дар ин ғазо ҳамроҳи ту бошем. Чунин шахсон бо баҳонаҳои хеле бисёр худро аз мусалмонҳо яксӯ гирифтанду барои айби худро пӯшонидан дигаронро низ васваса карданд, ки ба ғазои Табук нараванд.
Хулоса, Аллоҳтаъоло дар ин оят шадидан онҳоро сарзаниш карда, хабар додааст, ки онҳое, ки узрҳо пеш оварданд, дурӯғ мегӯянд. Агар онҳоро барои ҷамъоварии молҳои ғанимат ба ҷойҳои наздик чун ҳодисаҳое, ки атрофи Мадина рух дода буд, фиристӣ, не намегӯянд. Ягон узр ҳам пеш намеоранд. Лабайк гуфта итоъат мекунанду ҳамроҳи ту мераванд. Ҳоло ки соҳиби манфиъат шуданро ақлашон намегирад, онҳоро даъват кунӣ ҳам, масофаи дурро баҳона карда, чандин узрҳо пеш меоранд. Ҳатто баъди баргашта омадан мебинӣ бо номи Аллоҳ қасамҳо мехӯранду худро узрнок нишон дода мегӯянд, ки агар мо ҳам қодир мешудем, албатта, дур ҳам бошад, ҳамроҳи ту мебаромадем.
Оре! Ин аст ҳоли шахсони заъифу тарсончак, ки сухани дурӯғ мегӯянд, бардурӯғ қасам мехӯранд ва то ин ки ба мақсади худ расанд, дигарҳорро низ аз роҳ мезананд. Худованд дар ҳукми онҳо гуфтааст, ки онҳо бо чунин дурӯғгӯияшон худашонро ҳалок кардаанд.
Онҳо ҳалок шудаанд ва шармандаи дунё гаштаанд, шармандагии рӯзи охират ҳам барои онҳо таъин аст. Зеро Аллоҳтаъоло шахсони дурӯғгӯро хуб медонад, онҳо аз маҳкамаи илоҳӣ ба ҳеҷ ҷо гурехта наметавонанд. Вақто ки заъифимонҳо узрҳои пай дар пайи худро мегуфтанд, Расулуллоҳ (с) ба зоҳирашон нигариста, бо онҳо иҷозат медод. Ҳоло ояти зер хуб набудани ин амалро баён кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «