Тафсири Сураи Тавба Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 43
عَفَا اللَّهُ عَنْكَ لِمَ أَذِنْتَ لَهُمْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَتَعْلَمَ الْكَاذِبِينَ ٤٣
Ъафаллоҳу ъанка лима азинта лаҳум ҳатта ятабайяна лака-л лазӣна садақу ва таълама-л-казибӣн. 43.
43. Аллоҳ аз ту афв кунад! Чаро онҳоро рухсат додӣ, нагузоштӣ, то ин ки барои ту ононе ки рост гуфтанд, ошкор мешуданд ва дурӯғгӯёнро медонистӣ?
Чун баромадани лашкари Ислом ба ғазои Табук наздик мешуд, мунофиқоне ки мехостанд дар Мадина бимонанд, назди Расулуллоҳ (с) меомаданду узрҳо баён мекарданд. Расулулоҳ (с) медонист, ки аз ҳамроҳии онҳо ба ғайр аз зиён ҳеҷ фоидае нест, аз иштироки онҳо дар ғазо чашм мепӯшид. Ҳоло ояти мазкур дараҷаи қадру қимати Расулуллоҳ (с)-ро баён кардааст. Аллоҳтаъоло дар ин оят бахшишу меҳрубонии Худро пеш аз он ки ба ӯ (с) гӯяд, ки чаро ба онҳо иҷозат додӣ, ту кори хубе накардӣ, эълон карда, ба ӯ (с) гуфтааст, ки Худо туро бахшид, чаро бо муҷарради узр хостани мунофиқон, ба онҳо иҷоза додӣ, ки дар ғазои Табук ҳамроҳи ту ширкат накунанд? Чаро пеш аз он, ки ҳоли ростгӯён ва дурӯғгӯён ба ту маълум шавад, дар додани иҷоза шитоб кардӣ? Агар иҷоза намедодӣ, беҳтар буд. Аксари онҳое, ки аз ту иҷоза пурсиданд, агар иҷоза ҳам намедодӣ, ҳамроҳи ту намебаромаданд. Дар он сурат кадом кас ростгӯ ва кӣ дурӯғгӯю мунофиқ аст, ба хубӣ медонистӣ. Хонандаи муҳтарам аз ин ки калимаи «афв»-ро дар ин оят мебинед, ҳеҷ гумон накунед, ки гӯё Расулуллоҳ (с) гуноҳе кардаасту Аллоҳтаъоло ӯ (с)-ро афв карда аст. На! Инсоф он аст, ки аз Расулулоҳ (с) ҳеҷ гуна гуноҳе содир нашудааст. Зеро аз ишораҳо дар оятҳои зер маълум мешавад, ки Расулуллоҳ (с) ба мунофиқон иҷоза медод ё не, онҳо дар ғазои (Табук) ширкат намекарданд. Агар ҳозир мешуданд, ба ғайри эҷоди мушкилӣ дигар коре намекарданд. Оятҳои зер нишонаи муъминҳо ва мунофиқонро ошкоро баён кардааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «