Тафсири Сураи Тавба Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 44
لَا يَسْتَأْذِنُكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ أَنْ يُجَاهِدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالْمُتَّقِينَ ٤٤
Ла ястаъзинука-л-лазӣна юъминуна биллаҳи ва-л явми-л-ахири ай юҷаҳиду би амвалиҳим ва анфусиҳим. Валлоҳу Ъалӣмун би-л-муттақӣн. 44.
44. Онон, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи охир имон доранд дар ин ки бо молҳои худ ва нафсҳои худ ҷиҳод кунанд, намехоҳанд (дар пас мондан) аз ту иҷозат пурсанд. Ва баҳоли тақводорон Аллоҳ донотар аст.
Ояти мазкур сифати муъминҳоро дар ҳолатҳои ҳассос баён карда, чунин гуфтааст: вақто ки ту онҳоеро, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи охират имон доранд, ба ҷиҳод даъват мекунӣ, лаббайк гуфта, бо молу ҷонашон дар роҳи ризои Аллоҳ ба ҷиҳод мебароянд ва ҳеҷ баҳона ва узре пеш намеоранд ва ҳеҷ гоҳ иҷозаи ба ҷиҳод нарафтанро аз ту намепурсанд. Касоне, ки имон доранд, узр гуфтану ба ҷиҳод нарафтанро барои худ айбу камбудӣ меҳисобанд. Зеро дар баъзе ҳолатҳо ҷиҳод фарз аст. Касоне, ки дар чунин ҳолатҳо худро омода месозанд, нишонаи худотарсии худро ошкор месозанд. Худованд шахсони муттақиро ба хубӣ медонад ва аз нияту амалҳои онҳо комилан огоҳ аст. Ояти зер сифати мунофиқонро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «