Сураи Тавба Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 46

۞ وَلَوْ أَرَادُوا الْخُرُوجَ لَأَعَدُّوا لَهُ عُدَّةً وَلَٰكِنْ كَرِهَ اللَّهُ انْبِعَاثَهُمْ فَثَبَّطَهُمْ وَقِيلَ اقْعُدُوا مَعَ الْقَاعِدِينَ ٤٦

۞ Ва лав ароду-л-хуруҷа ла аъадду лаҳу ъуддата-в ва лакин кариҳаллоҳунбиъасаҳум фа саббатаҳум ва қила-қъуду маъа-л-қоъидӣн. 46.

46. Агар берун шуданро ирода медоштанд, ҳаройина, барои он бо асбоб тайёрӣ медиданд. Валекин Аллоҳ қиёми онҳоро нописанд дошт, пас, онҳоро аз ҳаракат боз дошт ва гуфта шуд: «Ҳамроҳи нишастагон бинишинед».

Дар ҷумлаи охири ояти 42-юм гузашт: «Валлоҳу яъламу иннаҳум лакозибун», яъне Аллоҳтаъоло медонад, ки мунофиқон, ҳар ойина, дурӯғгӯй ҳастанд. Ҳоло Аллоҳтаъо дар ин оят барои пурра сохтани ин маъно хабар додааст, ки агар нияти мунофиқон ба ҷиҳод рафтан мебуд, аз вақте ки дар роҳи ризои Аллоҳ хабари ҷиҳодро шуниданд, мебоист, ки чун дигар мусалмонҳо қаблан омода мешуданду лавозимоти ҳарбиро омода месохтанд. Акнун ки омода нестанду узурҳо метарошанд, онҳо дурӯғ мегӯянд. Зеро онҳо нияти ҳамроҳи ту ба ҷиҳод баромаданро аслан надоранд. Вагарна барои сарватмандони онҳо, чун Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул ва Ҷадд ибни Қайс, ки сардори қавм низ буданд, шароит муҳайё буд. Онҳо ки нахостанд бо Расулуллоҳ (с) дар ғазва ширкат кунанд, Худованд тавфиқи худро аз онҳо гирифт ва нахост, ки ин гуна шахсони торикдили мунофиқ, дар ин майдони пурифтихор ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) бошанд. Зеро Аллоҳтаъоло табиати мунофиқонро хуб медонад. Ривояте ҳам ҳаст, ки дар он асно мунофиқон гуфтанд: “Агар иҷозаи мондан ба мо нашаваду маҷбуран ба ҷиҳод моро баранд, мо ба фасодкорӣ даст зада, алайҳи муъминон душманро кумак мерасонем.”

Хулоса, Аллоҳтаъоло онҳоро фармуд, ки шумо низ ҳамроҳи касоне, ки ба ҷиҳод рафта наметавонанд, чун занҳо, кӯдакон, шалу кӯру пиронсолон нишинед. Аз шунидани ин сухан бар ҳеҷ оқиле махфӣ намемонад, ки таҳқир ва тамасхур барои мунофиқон дар ҷумлаи охири ин оят нуҳуфтааст. Оре! На ҳар кас лаёқат дорад, ки кори бузургеро иҷро кунад ё лоақал ба шахсони лаёқатманд ёрӣ расонад. Тавфиқи Худованд насиби шахсоне ҳаст, ки онҳо ҳамеша соҳиби дили тозаву ихлоси поканд. Дар корҳои бузург ширкат накардани шахсони мунофиқ, чуноне ки ояти зер ишора кардааст, метавонад сабаби хушҳолии мусалмонҳо гардад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)