Сураи Тавба Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 47

لَوْ خَرَجُوا فِيكُمْ مَا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالًا وَلَأَوْضَعُوا خِلَالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ ٤٧

Лав хараҷу фӣкум-м ма задукум илла хабала-в ва ла авЗаъу хилалакум ябғунакуму-л-фитната ва фӣкум саммаъуна лаҳум. Валлоҳу Ъалӣмун би-з-золимӣн. 47.

47. Агар дар миёни шумо берун мешуданд, дар шумо намеафзуданд магар фасодро ва ҳаройина, дар байни шумо (ба фасодкорӣ) метохтанд ва барои шумо фитнаро металабиданд ва дар байни шумо барои онҳо ҷосусон аст, ки сухани онҳоро мепазиранд). Ва Аллоҳ ба ситамгарон доност.

Аллоҳтаъоло бори дигар дар ин оят ҳоли мунофиқонро, ки бардурӯғ узртарошӣ карда, аз Расулуллоҳ (с) иҷоза гирифтанду дар хонаҳои худ нишастанд, баён карда, мусалмонҳоро тасаллӣ додааст, ки шумо аз нарафтани онҳо хурсанд шавед. Худованд тавфиқи рафтанро барои онҳо арзонӣ нафармуд. Билфарз, агар онҳо ҳамроҳи шумо ба ҷиҳод мебаромаданд, аз вуҷуди наҳси онҳо барои шумо ҳеҷ фоидае набуд. Онҳо чунон тарсончаке буданд, ки аз худ номардӣ нишон дода, шуморо низ ҳаросон мекарданд. Ба ғайри шайтанату фасод, онҳо дигар чизеро барои шумо зиёд карда наметавонистанд ва то шумо аз ҳамдигар бовариатон нест шаваду тарседу пароканда шавед, ба фитнаҷӯӣ мешитобиданд. Онҳо ҳоло ҳам сардорони қабилаҳои Авсу Ҳазраҷанду обрӯ доранд. Шахсоне байни шумо ҳастанд, ки онҳоро эҳтиром мекунанду чун ҷосусон хабарҳои шуморо ба онҳо мерасонад. Аз дар байни шумо будани ин гуна шахсони ситамгар ба ғайри зиён дигар фоидае нест. Худованд ҳамаи ситамгарнонро мешиносаду аз дидгоҳи илмии Ӯ таъоло дур нестанд. Худованд тадбире кард, ки мунофиқон дар сафи шумо ҳозир набошанд. Ин ҳикматест, ки ба фоидаи шумо анҷомидааст.

Пеш аз ғазои Табук ҳоли мунофиқон чӣ тавр буд? Ояти зер онро эзоҳ медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)