Тафсири Сураи Тавба Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тавба Ояти 48
لَقَدِ ابْتَغَوُا الْفِتْنَةَ مِنْ قَبْلُ وَقَلَّبُوا لَكَ الْأُمُورَ حَتَّىٰ جَاءَ الْحَقُّ وَظَهَرَ أَمْرُ اللَّهِ وَهُمْ كَارِهُونَ ٤٨
Лақад-ибтағаву-л-фитната мин қаблу ва қаллабу лака-л-умура ҳатта ҷаа-л-ҳаққу ва заҳара амруллоҳи ва ҳум кариҳун. 48.
48. Ҳаройина, пеш аз ин барои ту фитна ҷустанд ва барои ба қафо гардонидани кори ту, маслиҳатҳо карданд, то ин ки ваъдаи Ҳақ омад ва ҳукми Аллоҳ ғолиб гашт, дар ҳоле, ки онҳо хоҳон набуданд.
Аз нахустин рӯзе, ки Расулуллоҳ (с) ба Мадина омаданд, мунофиқон алайҳи Ислому мусалмонҳо найрангҳо эҷод мекарданд, даступо мезаданд ва намехостанд кори Ислому муслимин ба пеш равад. Локин бо хости Худо пирӯзӣ ва ғалабаи фавқулоддаи мусалмонон дар ғазои Бадр камари куфру ширкро шикаст. Онҳо гуфтанд: «Чунон менамояд, ки мо дигар ҷилави ин корро гирифта наметавонем». Тарсиданду зоҳиран ба гуфтани калимаи имон пардохтанд. Локин куфру душманӣ дар дилашон ниҳон буд. Чун пирӯзии Исломро медиданд, рашк мебурданд, ҳасад мехӯрданд ва дар дилашон ғазаб меҷӯшид. Дар он асно коре, ки мунофиқон бо сардории Абдуллоҳ ибни Солул дар ғазои Уҳуд карданд, хиёнати хеле назаррас буд. Муҷоҳидони исломӣ то ба Уҳуд нарасида, Абдуллоҳ ибни Салул бо васвасаи худ тавонист тақрибан 300-муҷоҳидро аз ними роҳ гардонад, ки ин зарбаи бузурге бар зидди мусалмонҳо буд. Ҳоло ояти мазкур ба кирдори шуми онҳо ишора карда гуфтааст, ки аз нарафтани мунофиқон ба ғазои Табук ҷойи таъаҷҷуб нест, зеро онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки чун одат, пеш аз ин ҳам мехостанд байни шумо тафриқаву парокандагиро эҷод кунанд. Онҳо касонеанд, ки дар ҷанги Аҳзоб низ, чун яҳудиёни Мадина, ба кумаки аҳзоб алайҳи мусалмонон шитофтанд. Кори онҳо кори нав нест, онҳо аз авал то ҳозир даст ба фитнаву фасод мезананд ва то ин, ки шуморо аз ба ҷиҳод рафтан суст созанд, назариёти гуногуне созмон доданд. Онҳо то ин ки дар чашми мардум дини исломро бе қадр нишон диҳанд, ҳилаҳо ва фикрҳои гуногун меандешиданд. Локин, хушбахтона, талошҳои онҳо ба ҷое нарасид ва тирашон хок хӯрд. Ҳатто алайҳи хоҳиши онҳо ҳақ ошкор шуд, нусрати Парвардигор ба мусалмонҳо равон гашт. Ислом нисбат бар ҳамаи динҳо соҳиби мартабаи олӣ шуд. Ҳоло ҳам мунофиқон аз пешрафти Ислому пирӯзии мусалмонҳо нороҳатанд. Онҳо надонистанд, ки иродаи банда дар баробари иродаи Парвардигор ҳеҷ аст. Худованд бо хосту иродаи Худ тамоми монеаҳоро аз сари роҳи Ислом бардошт. Пайғамбари Худро нусрат дод ва динашро дар атрофу канори дуру наздики Маккаи мукаррама мунташир намуд ва ин дар як муддати кӯтоҳ ба даст омад ки ақли инсон барои дарки чунин муваффақият дар чунин муддат оҷиз мемонад. Ояти зер намунаеро аз одати мунофиқоне, ки нахостанд ба Табук раванд, баён кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «