Сураи Тавба Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 49

وَمِنْهُمْ مَنْ يَقُولُ ائْذَنْ لِي وَلَا تَفْتِنِّي ۚ أَلَا فِي الْفِتْنَةِ سَقَطُوا ۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌ بِالْكَافِرِينَ ٤٩

Ва минҳумм ма-й яқулуъза-л лӣ ва ла тафтинни. Ала фи-л-фитнати сақату. Ва инна Ҷаҳаннама ла муҳӣтатун би-л-кафирӣн. 49.

49. Ва баъзе аз онҳо касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба ман иҷоза деҳ ва маро дар фитна маяндоз!». Огоҳ бош, ки онҳо дар фитна афтодаанд. Ва албатта, Ҷаҳаннам иҳотакунандаи кофирон аст.

Сабаби нузули ояти мазкурро аксари муфассирон аз ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с), ҳангоме ки мусалмононро барои ғазои Табук муҷаҳҳаз месохт, ба яке аз сарони бани Салама Ҷадд ибни Қайс ном дошт ва дар сафи мунофиқон қарор дошт, гуфт: “Эй Ҷадд, ту ба ҷиҳоди алайҳи румиҳо омода ҳастӣ?” Ҷадд гуфт: “Эй Расулаллоҳ, ман шахсе ҳастам, ки шефтаи занҳо ва бо онҳо алоқаи сахт дорам, инро мардум медонанд. Агар чашмам ба духтарони румиҳо афтад, мумкин аст, мафтуни онҳо шавам. Ҳоло маро дар фитна наяндозу ба ман иҷоза деҳ, то дар хонаи худ биншинам!” Расулуллоҳ (с) аз ӯ рӯ гардониду иҷоза доданд. Ҳамоно ин оят нозил шуд. Дар он Аллоҳтаъоло хабар дод, ки эй Муҳаммад (с), баъзе аз мунофиқон ба ту мегӯянд, ки ба мо иҷоза деҳ, то мо дар деҳи худ бимонем ва моро дар фитна наяндоз! Оё онҳо огоҳ нестанд, ки аллакай дар фитна афтодаанд? Оё бузургии гуноҳи фитнае, ки ҳоло дар пайдо шудани он гумон ҳаст, аз гуноҳи фитнае, ки ҳоло дар миёни он (яъне хилофи фармони Худо ва Расули Ӯ (с) баромадан) воқеъанд, бузургтар аст? Дар ин дунё мунофиқон бо гуфтани чунин суханҳо тавонистанд аз майдони ҷиҳод фирор кунанд, локин дар охират ҷазои аз ҳар ҷиҳат иҳотакунанда барои онҳо фароҳам аст, Дӯзах аз ҳама ҷиҳат онҳоро иҳота мекунад, дигар чӣ баҳона меҷӯянду ба куҷо фирор мекунанд? Кирдорҳои номатлуби дигари онҳоро ояти зер баён кардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)