Сураи Тавба Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 5

فَإِذَا انْسَلَخَ الْأَشْهُرُ الْحُرُمُ فَاقْتُلُوا الْمُشْرِكِينَ حَيْثُ وَجَدْتُمُوهُمْ وَخُذُوهُمْ وَاحْصُرُوهُمْ وَاقْعُدُوا لَهُمْ كُلَّ مَرْصَدٍ ۚ فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَخَلُّوا سَبِيلَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ ٥

Фа изансалаха-л-ашҳуру-л-ҳуруму фақтулу-л-мушрикӣна ҳайсу ваҷаттумуҳум ва хузуҳум ваҳсуруҳум вақъуду лаҳум кулла марсад. Фа ин табу ва ақому-с-салата ва атаву-з-заката фахаллу сабӣлаҳум. Инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм. 5.

5. Пас, чун моҳҳои ҳаром бигзаранд, пас, ҳар ҷое ки мушриконро ёфтед, бикушед ва онҳоро бигиред ва онҳоро иҳота намоед ва барои онҳо дар ҳар камингоҳ биншинед. Пас, агар (аз куфр) тавба кунанд ва намозро устувор доранд ва закотро бидиҳанд, пас, роҳи онҳоро бигзоред. Албатта, Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст.

Худованд дар ин оят ба мусалмонон дастур дод, ки чун он 4-моҳи ваъдашуда, ки онҳоро «Ашҳурул-ҳаром» (ҷанг дар ин моҳҳо манъ) мегӯянд, гузарад, дар ҳар маконе, ки мушриконро ёфтед, бо он дастуре, ки Худованд дар ҷангидан ба шумо таълим додаст, ба истиснои чанд гурӯҳе аз онҳо, дигар ҳамаи онҳоро аз пой дароред, ба асорат гиред, онҳоро ҳабс кунед ва онҳоро дар шаҳрҳои мусалмонҳо аз гаштугузор манъ кунед. Ё онҳо Ислом оранд ва ё ба марг розӣ шаванд. Давоми оят фармудааст, ки барои таҳти назорат гирифтани чунин тоифа камингоҳҳою дидбонҳо бисозед. Дар онҳо нишаста мушрикону корҳои онҳоро назорат кунед. Пас, агар онҳо аз мушрикӣ ба оғӯши Ислом боз гарданд, ончиро, ки Аллоҳ барои мусалмонон фарз гардонида аст, адо кунанд, яъне намозро барпо доранд закоти молашонро диҳанд. Ва чуноне ки дар ояти 11-уми ҳамин сура омадааст, онҳо бародари динии шумоанд. Дигар шумо ба изо додан ва ё куштори онҳо даст назанед. Зеро раҳмату мағфирати Аллоҳтаъоло барои касе, ки тавба кунад, бисёр васеъ аст. Ҳарчи пеш аз имон оварданашон анҷом дода бошад, мавриди афви Парвардигор қарор мегиранд.

Дар зоҳир ҳукми ояти мазкур ба таври умум барои аз пой даровардани мушрикон бошад ҳам, локин дар ҳадисҳое, ки оид ба қитол бо мушрикон аст, ба таври истисно омадааст, ки дар чунин ҳолат ба чанд тоифа аз мушрикон бояд мусалмонҳо озоре нарасонанд. Аз он ҷумла, занон, кӯдакони ноболиғ, шахсони оҷизу нотавон, ки қувваи ҷангидан надоранд ё доранду чун роҳибон аз мардум дар канор шуда гӯшанишиниро ихтиёр кардаанд ва аҳли китобе, ки ба мусалмонон ҷизя медиҳанд.

Ояти мазкур назди муфассирон ояти «сайф» ё «қитол» ном дорад. Яъне бо нозил шудани ин оят, оятҳое, ки дар баробари кофирон мусулмононро ба сабр даъват мекарданд, ҳама мансух (аз амал манъ) эълон шуданд. Дар Саҳеҳайн бо ривояти Ибни Умар (р) чунин омадааст. Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Маъмур шудам, то ба мардум (мушрикон) биҷангам, то он ки гувоҳӣ диҳанд, ки ғайри Худои ягона маъбуди барҳаққе нест ва Муҳаммад Расули Ӯст ва намозро барпо доранд ва закотро пардохт кунанд ва агар инҳоро карданд, хун ва моли онҳо аз ҷониби ман дар паноҳ аст. Магар ба ҳаққи Ислом ва ҳисоби корашон бо Худост.”

Мазмуни ояти мазкурро оятҳои 29-36-73-и ҳамин сура ва ояти 193-и сураи «Бақара» ва ояти 39-и сураи «Анфол» ҳамчунин ояти 9-и сураи «Ҳуҷурот» таъкид мекунанд.

Баъди баромадани чунин ҳукми қатъӣ дар ояти зер барои мушрикон роҳи дигаре нишон дода шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)