Сураи Тавба Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тавба Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тавба Ояти 68

وَعَدَ اللَّهُ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ هِيَ حَسْبُهُمْ ۚ وَلَعَنَهُمُ اللَّهُ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ مُقِيمٌ ٦٨

Ваъадаллоҳу-л мунафиқӣна ва-л-мунафиқоти ва-л-куффара нара Ҷаҳаннама холидӣна фӣҳа. Ҳия ҳасбуҳум. Ва лаъанаҳумуллоҳу ва лаҳум ъазабу-м муқӣм. 68.

68. Аллоҳ барои мардони мунофиқ ва занони мунофиқа ва барои кофирон оташи Дӯзахро ваъда додааст, дар он ҷовидон бошанд. Ин онҳоро басандааст. Ва Аллоҳ онҳоро лаънат кардааст. Ва барои онҳост азоби пойдор,

Аллоҳтаъоло дар ин оят ба таври умум ба ҳамаи афроди беимон оташи Ҷаҳаннам ваъда додааст. Аз он ҷумла, мардони мунофиқ, занони мунофиқа ва касоне, ки кофир шуданд, ба нори Ҷаҳаннам ҷовидон дохил мешаванд ва азоби Ҷаҳаннам барои онҳо басандааст. Вақто ки онҳо дар Ҷаҳаннам доимӣ мемонанд, дигар навъи азоби руҳонӣ барои онҳо илова мешавад. Яъне он лаънате, ки Аллоҳтаъоло бар онҳо хондааст, ба онҳо мерасад ва аз он азоб, ё лаънат ҳеҷ ҷудойи надоранд. Ин гуна ҷазо барои онҳо ҳам мувофиқ асту ҳам муносиб. Ояти зер мунофиқонро бевосита хитоб кардааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Тавба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тавба Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тавба Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)