Сураи Тин – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тин – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тин 95-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 8 оят иборат аст.

Ин сураи карима ду мавзӯъро баён ва зоҳир менамояд:

1. Навъи башарро гиромӣ доштани Аллоҳтаъоло.

2. Имон ба рӯзи ҳисобу ҷазо.

Сураи карима бо қасам бо маконҳои муқаддасу мушарраф, ки онҳоро барои нузули (Ваҳӣ) Парвардигор ба анбиё ва расулони Худ хос гардонидааст, оғоз мешавад.

Он маконҳо бо аксари ривоятҳо Байтул Муқаддас, Кӯҳи Тур, Маккаи Мукаррама аст.

Инчунин ба инсон ёдрас месозад, ки ӯро Аллоҳтаъоло дар беҳтарини сурат халқ намудааст, бояд шукронаи Ӯ таъолоро кунад. Шахсоне, ки шукри неъматҳои Парвардигори худро ба ҷо наоварда, ғафлат меварзанд, бозгашташон бо поёнтарин дараҷаҳои Ҷаҳаннам аст. Инчунин кофироне, ки зинда гардонидани баъд аз мирониданро мункиранд ва он далелу бурҳонҳоеро, ки бар қудрати Аллоҳтаъоло дар халқ кардани инсонҳо далолат мекунанд, нодида мегиранд, сарзаниш мешаванд. Сура бо баён кардани адли Парвардигор дар подош додани муъминон ва ҷазо додани кофирон ба охир мерасад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иншироҳ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тин Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)