Сураи Тин Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тин Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тин Ояти 3

وَهٰذَا الۡبَلَدِ الۡاَمِيۡنِۙ ٣

Ва ҳаза-л-балади-л-амӣн. 3.

3. Қасам ба шаҳр (Макка)-е, ки ҷои амн ва амон аст,

Худованд Маккаи мукаррамаро шаҳри амн номидааст. Ҳар касе ба ин шаҳр дарояд, худаш ва молу мулкаш дар амон аст. Дар ин шаҳр сарвари коинот Муҳаммад (с) таваллуд шуданд ва дар он ҷо пайғамбариашон оғоз шуд. Аллоҳтаъоло оятҳои бисёри Қуръони азимушшаънро ба Пайғамбар (с) дар ин шаҳр фиристодааст.

Такроран мехостем қайд намоем, ки ҳар ашё, ҳодиса ва ё маконе, ки Худованд бо он қасам ёд кунад, ба бузургӣ ва аҳамияти махсуси он таъкид аст.

Ояти навбатӣ ҷавоби қасам аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тин Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тин Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)