Тафсири Сураи Тохо Ояти 133 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тоҳо Ояти 133
وَقَالُوا لَوْلَا يَأْتِينَا بِآيَةٍ مِنْ رَبِّهِ ۚ أَوَلَمْ تَأْتِهِمْ بَيِّنَةُ مَا فِي الصُّحُفِ الْأُولَىٰ ١٣٣
Ва қолу лав ла яътӣна би айати-м ми-р-Раббиҳ. А-ва лам таътиҳим баййинату ма фи-с-суҳуфи-л-ула. 133.
133. Ва (кофирон) гуфтанд: «Чаро пеши мо аз ҷониби Парвардигори хеш нишонае намеоред?». Оё ба онҳо далели возеҳ аз ҷинси он чӣ дар китобҳои пешин аст, наёмадааст?
Дар шарҳи ояти мазкур, муфассирони олиқадр фикрҳои гуногунро баён намуданд! Ояти мазкур эҳтимоли ҳамаи онҳоро дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки дар асри Расулуллоҳ (а) мушрикони аҳли Макка баҳонаҷӯӣ карда, гуфтанд, ки чаро Муҳаммад барои мо, то ин ки бар рост будани даъвои Пайғамбариаш далолат кунад, он мӯъҷизае, ки мо мехоҳем, намеорад? Дар посухи онҳо гуфта шудааст, ки Қуръон баёнгари ҳақиқати ҳамаи китобҳои осмонӣ буда, тасдиқкунандаи ҳамаи онҳо низ ҳаст. Қуръон барои охирин Пайғамбар-Муҳаммад (с) муъҷизаи ҳамешагист. Ҳарчи дар китобҳои собиқ дар бораи Пайғамбари охируз-замон дарҷ шуда бошад, Қуръон бо онҳо комилан мутобиқу мувофиқ аст. Оё барои мушриконе, ки баҳона меҷӯянду боз муъҷизаи дигаре талаб мекунанд, ҳамин Қуръон чун муъҷизаи ҷовидонӣ кифоя нест? Боз чӣ мехоҳанд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Тоҳо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «