Сураи Ториқ Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Торик Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ториқ Ояти 17

فَمَهِّلِ الۡكٰفِرِيۡنَ اَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدًا ١٧

Фа маҳҳили-л-кафирӣна амҳилҳум рувайда. 17.

17. Пас, ту (эй Муҳаммад) кофиронро муҳлат деҳ ва онҳоро чанде фуру гузор.

Яъне барои ба азоб гирифтор намудани кофирон шитоб накун ва аз ҳаракатҳои ношоистаи онҳо парешон нашав, рӯзе чанд сабр кун ва муҳлат бидеҳ. Он гоҳ бинанд, ки натиҷа чи мешавад. Чун муҳлаташон даррасад, аз дасти аҷал гурехта наметавонанд ва бо зудӣ мебинанд, он чиро, ки Ман ба онҳо анҷом медиҳам.

Худовандо, аз шарри кулли онҳое ки дар замирҳои худ ба Исломи азиз ғаразе пинҳон доранд ба Ту паноҳ мебарем.

Анҷоми сураи “Ториқ”, Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ториқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ториқ Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аъло / Аъла – Тафсири Осонбаён (Қуръон)