Тафсири Сураи Аъла / Аъло / Аьло – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аъла 87-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 19 оят иборат аст.
Дар аввали сураи “Аъло” аз шаъну шукӯҳ ва баъзе сифатҳои Парвардигор, ки аз ҳама мавҷудоти олам болотару бартар аст, сухан меравад. Баъд оиди ваҳдонияти Аллоҳтаъоло далелҳо оварда мешавад. Давоми сура аз Қуръон ва осон будани ҳифзи он барои Расулуллоҳ (с) маълумот медиҳад. Ичунин дар сура мавъизае ҳаст, ки дили зиндаи аҳли имону саодат аз он нафъ мебарад.
Охири сура аз сифатҳои шахсоне, ки ба гурӯҳи “наҷотёфтагон” дохиланд, хабар медиҳад. Ин буд, иншоаллоҳ, маълумоти мухтасар дар шаъни сураи “Аъло”.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аъло «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «