Сураи Тур Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 23

يَـتَـنَازَعُوۡنَ فِيۡهَا كَاۡسًا لَّا لَغۡوٌ فِيۡهَا وَلَا تَاۡثِيۡمٌ ٢٣

Ятаназаъуна фӣҳа каъса-л ла лағвун фӣҳа ва ла таъсӣм. 23.

23. Он ҷо аз дасти якдигар пиёлаи шаробро мегиранд; ва дар он ҷо на беҳудагӯӣ бошад ва на гунаҳкорӣ.

Аҳли Ҷаннат мисли ҳамнишинҳои ин дунё бо ҳамдигар нишаста, суҳбат мекунанд ва аз дасти ҳамдигар пиёлаи шаробро гирифта, менӯшанду хушҳолӣ менамоянд. Нозу неъмати дар Ҷаннатбуда аз неъматҳои ин дунё ба куллӣ фарқ мекунанд. Аз ҷумла шароб ҳам. Бо нӯшидани шароби ин дунё ақл хираву чашм тира мегардад, ҳар қадар, ки инсон аз он бинӯшад, ҳамон қадар ихтиёр аз дасташ меравад ва дигар гуфтору кирдори худро идора карда наметавонад. Суханҳои беҳуда мегӯяд, даст бо гиребон мешавад ва ба амалҳои ношоиста даст мезанад.

Хулоса, шароби ин дунё сарчашмаи кулли бадбахтиҳост. Аммо шароби ваъдакардаи Аллоҳ таъоло на чунин аст. Аз нӯшидани он ақл равшан, чашм пурнуру сафо мегардад. Нӯшандаҳои он фароғату лаззати хосаеро эҳсос мекунанд. Зеро Аллоҳ таъоло онро аз ҳама сифатҳои беҳудае, ки шароби дунёӣ дорад, пок гардонидааст. Ошомидани он хушҳолӣ биёрад, на нороҳатӣ! Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)