Тафсири Сураи Тур Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 48
وَاصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ فَاِنَّكَ بِاَعۡيُنِنَا وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ حِيۡنَ تَقُوۡمُۙ ٤٨
Васбир ли ҳукми Раббика фа иннака би аъюнина. Ва саббиҳ би ҳамди Раббика ҳӣна тақум. 48.
48. Ва то расидани ҳукми Парвардигори худ сабр кун, албатта, ту ба ҳузури чашми Моӣ. Ва Худои худро ба покӣ ёд кун. Ва вақте ки (ба субҳ) бархезӣ, пайваста ба ситоиши Парвардигори худ бош.
Албатта, барои фарди соҳибақл маълум аст, ки ҳар як амал бо қазову қадар ва иродаи Ӯ таъоло анҷом мегирад. Ӯ таъоло мегӯяд, ки ай Муҳаммад, ту дар муқобили туҳмат ва истеҳзои мушрикон сабру таҳаммулро пешаи худ соз, онҳо дар муқобили насиҳатҳо туро коҳин, шоъир, оятҳои Қуръонро сухани бофта хонанд ҳам, сабр намо, мабодо дилсард нашавӣ, ин ҳама иродаи Худост. Ту ҳабиби Моӣ, дар мадди назари илми Мо қарор дорӣ, туро танҳо нахоҳем гузошт, аз тарафи Мо комилан ҳифзу ҳимоя хоҳӣ шуд. Аз ин лутфу меҳрубонии Аллоҳ таъоло маълум мегардад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) назди Парвардигори худ азизу мукаррам аст. Ҳеҷ инсон чунин мақоми баландро сазовор нагардидааст. Агарчӣ Аллоҳ таъоло ба дигар пайғамбарон сухани далолаткунанда ба мақому мартабаашон гуфта бошад ҳам, аммо ба онҳо бо ибораи “Ту бар ҳузури чашми Мойи” яъне Ту дар мадди назари Мо ҳастӣ муроҷиат накардааст. Дар давоми оят Худованд Ҳабиби худ (с)-ро мефармояд, ки чун ту аз хоб ё маҷлис хезӣ ва ё ба намоз қоим шавӣ, Парвардигоратро ба покӣ ва ситоиш ёд кун. Ояти зерин, иншоаллоҳ, ин маъноро идома медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «