Тафсири Сураи Тур Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 47
وَاِنَّ لِلَّذِيۡنَ ظَلَمُوۡا عَذَابًا دُوۡنَ ذٰلِكَ وَلٰـكِنَّ اَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُوۡنَ ٤٧
Ва инна лил лазӣна заламу ъазабан дуна залика ва лакинна аксараҳум ла яъламун. 47.
47. Ва батаҳқиқ, барои ононе ки зулм карданд, ғайр аз ин дар дунё азоби дигар аст. Валекин аксари онҳо намедонанд.
Яъне барои кофирону золимон ба ҷуз азоби охират азоби шадиде дар дунё вуҷуд дорад. Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Он азоби қабр аст».Муҷоҳид мегӯяд: «Қаҳтии дарозмуддат ҳангоми зиндагӣ дар ин дунё аст». Аҷаб нест мурод аз азоби иловагӣ қатли мушрикон дар ғазои (ҷанги) Бадр бошад. Валлоҳу аълам. Аммо аксари кофирон аз маънои ин ояти карима бехабаранд ва нузули азобро ҳоло ҳам, бовар надоранд.
Соҳиби тафсири Ҷалолайн мегӯяд: «Он 12 ояту 14 саволе, ки ба калимаи «Ам» истиҳфом (савол) шуд, ҳамааш барои маломату дилкӯбии кофирону золимон равона шудааст».
Аз ояти 44 то ояти 47, Аллоҳ таъоло оқибати кори кофирону мушриконро баён намуд.
Идомаи сухани Ҳақ субҳонаҳу таъоло дар оятҳои зер барои тасаллии муъминон нигаронида шуда онҳоро ба сабр ва нусрату (ёрӣ) фатҳ умедвор ва ба саъй доштан ба ибодати Парвардигорашон ҳидоят месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «