Сураи Тур Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тур Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тур Ояти 6

وَالۡبَحۡرِ الۡمَسۡجُوۡرِۙ ٦

Ва-л-баҳри-л-масҷур. 6.

6. Ва қасам ба дарёи барафрӯхташуда,

Олимони киром дар зимни калимаи «масҷур» ду маъноро қобили қабул донистанд. Якум қасам ба дарёҳо ё баҳрҳои пури об, маънои дуюм қасам ба дарёҳо ё баҳрҳои оташгирифта мебошад. Ҳар ду маъно ҳам, дуруст аст, зеро айни ҳол дарёҳою баҳрҳо аз об пур аст ва рӯзи қиёмат бошад, аз даҳшату сахтии он рӯз ин дарёҳою баҳрҳо оташ мегиранд. Ин маъно дар ояти 6-уми сураи «Таквир» низ меояд.

Ай хонандаи мухлису нохӯрдагир! Шумо дидед, ки Парвардигори мо ба ин қадар чизҳои муқаддасу баландмартаба савганд ёд намудааст, то ки таваҷҷуҳу диққати хонандаи каломашро ба ахбори оятҳои зер ҷалб намояд. Онҳоро бовар кунонад, ки ин хабарҳо муҳиманд. Ҳар кӣ ба ин хабарҳо бовар карду ба дил тасдиқ намуд, яъне имон овард, наҷот ёфт, ва касе ғафлат варзид, вой бар ҳоли ӯ.

Акнун азизони ҷону дилу дидаам, биёед бубинем, ки он ахбори муҳим аз чӣ иборат ёфта ва ҷавоби қасамҳои панҷгона чист?


Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тур Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)