Тафсири Сураи Тур Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тур Ояти 5
وَالسَّقۡفِ الۡمَرۡفُوۡعِۙ ٥
Ва-с-сақфи-л марфуъ. 5.
5. Ва ба сақфи (Осмони) баланд қасам.
Аллоҳ таъоло ба осмони баланде, ки бо ин қадар бузургияш бе сутун истодааст, савганд ёд намудааст. Осмонро барои он «Сақф» гуфтаанд, ки дар нисбати Замин мисли бом аст.
Ибни Аббос (р) гуфта, ки «Сақф» Арши Раҳмон аст. Он «Сақф» боми Ҷаннат буда, чунон бузург аст, ки тамоми Замину осмонҳоро иҳота кардааст. Боз ин маъноро ояти 32-юми сураи «Анбиё» ва оёти 27-28-и сураи «Нозиъот» таъкид месозад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «