Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ Ояти 19
لَّا يُصَدَّعُوۡنَ عَنۡهَا وَلَا يُنۡزِفُوۡنَۙ ١٩
Ла юсаддаъуна ъанҳа ва ла юнзифун. 19.
19. Аз нӯшидани он на сардард ва на масту беҳуш шаванд.
Чуноне ки гуфтем, шаробҳои Ҷаннат таҳуру ҳалоланд. Марҳилаҳои муайяни омодасозӣ барои онҳо мисли шароби дунё лозим нест. Онҳо дар Ҷаннат мисли чашма ҷориянд. Нӯшандаро мисли шароби дунё маст ё ёвагуфтору беақл накунанд. Онҳо ба нӯшанда сардарду саргаронӣ наоранд. Ҳамчунин барои ҷаннатиён неъматҳои дигаре вуҷуд дорад, ки оятҳои зерин, иншоаллоҳ, онҳоро баён мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «