Сураи Воқиъаҳ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Воқиъаҳ Ояти 3

خَافِضَةٌ رَّافِعَةٌ ٣

ХофиЗату-р-рофиъаҳ. 3.

3. (Гурӯҳеро) пасткунанда ва (гурӯҳеро) баландкунанда аст.

Он рӯз рӯзест, ки ашхоси дар дунё ғафлатварзида, қиёматро дурӯғшуморанда ва мутакаббиру мағруру золимро паст намуда онҳоро ба асфалассофилини (Дӯзах) бирасонад. Аммо онҳоеро, ки ба омадани рӯзи қиёмат боварӣ доштанд ва ба амалҳои солеҳ машғул буда, аз гуноҳҳо дурӣ меҷустанд, агарчанде дар байни мардум қадру қиммате надоштанд, дар он рӯз қадрашон баланд бардошта мешавад ва ба аълои иллиййин (Ҷаннат) мерасанд. Ин аст хосияти инқилоби илоҳӣ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Воқиъаҳ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Воқиъаҳ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)