Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ Ояти 2
لَيۡسَ لِـوَقۡعَتِهَا كَاذِبَةٌ ٢
Лайса ли вақъатиҳа казибаҳ. 2.
2. Ки дар воқеъ шудани он ҳеҷ дурӯғе нест.
Яъне қиёмат чун қоим (воқеъ) шавад он ҳодисаи бузург аст таъсирашро дар тамоми зарроти ҷаҳон мерасонад ва онро ҳеҷ кас дурӯғ шуморида наметавонад. Агарчӣ дар дунё баъзеҳо ба омадани он бовар надоранд, вале чун қиёмат воқеъ шавад ва онро ба чашми худ бубинанд, бовар намоянд. Аммо ин боваркуниҳо дигар суде надорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «