Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 89 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ Ояти 89
فَرَوۡحٌ وَّ رَيۡحَانٌ وَّجَنَّتُ نَعِيۡمٍ ٨٩
Фа равҳу-в ва райҳану-в ва Ҷаннату наъӣм. 89.
89. Пас, барои ӯ истироҳат ва рӯзии хуб ва Биҳишти пурнеъмат аст,
Оятҳои мазкур дар ҳақиқат як навъ ҷамъбандии оятҳои сура буда, тафовути ҳоли мардумро дар қиёмат хулоса мекунанд. Чунончӣ дар ибтидои сура мардум вобаста ба имон ва амалашон ба се гурӯҳ тақсим шуда буданд. Аз байни онҳо соҳибони мартабаи олитарин муқаррабони (наздикгардонидашудагон)-и даргоҳи илоҳӣ номгузор шуда буданд.
Агар шахси фавтида аз ҷумлаи муқаррабон бошад, соҳиби ризқи бузург, яъне Ҷаннати анбарсиришт ва дигар неъматҳои илоҳӣ мегардад. Бинобар соҳиби мартабаи баланд буданаш аз ниҳояти истироҳати Ҷаннат бархӯрдор мегардад.
Ва илова бар ин…
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «