Тафсири Сураи Вокиъах Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Воқиъаҳ Ояти 96
فَسَبِّحۡ بِاسۡمِ رَبِّكَ الۡعَظِيۡمِ ٩٦
Фа саббиҳ бисми Раббика-л-Ъазӣм. 96.
96. Пас, номи Парвардигори худро ба покӣ ёд кун, ки аз ҳама бузург аст.
Тафсири ин оят дар ояти 74-уми ҳамин сура гузашт, ба он ҷо муроҷиат шавад! Дар ҳақиқат чун ин оят нозил шуд, Расулуллоҳ (с) фармуданд, ки инро дар рукӯатон (яъне рукӯи намозатон) ҷой диҳед ва вирд намоед. Инсоне, ки ба тасбеҳу (ба покӣ ёд кардан) таҳмид (ҳамд гуфтан) ва зикри Аллоҳ машғул аст, албатта, барои он рӯз ва осудагии ин дунё як омодагӣ мешавад.
Касе машғули ин амал бошад, ёвагӯиҳои дурӯғшуморандагон ба ӯ таъсир нарасонад. Ботилии ақидаи инкоркунандагон баръало пеши шахси зикргӯянда зоҳир аст.
Дар хотимаи ин сураи муборака ҳадисеро, ки дар хусуси ин ояти карима Абӯҳурайра аз Расули акрам (с) ривоят кардаанд, меорем.
Қол. Қола Расулуллоҳи саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам: «Калиматани хафифатани ъалал-лисан, сақилатани фил мизан, ҳабибатани илар-Раҳман, Субҳаналлоҳи ва биҳамдиҳи субҳаналлоҳил ъазим».
Яъне Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ин ду калима ба забон осону сабук аст, аммо дар мизони ҳасанот бисёр сангин бошанд, Раҳмон онҳоро дӯст дорад. Он ду калима ин аст: Субҳаналлоҳи ва биҳамдиҳи субҳаналлоҳил ъазим».
Поёни сураи «Воқиъаҳ». Ва лиллаҳил ҳамд.
Барги айш ба гӯри хеш фирист,
Кас наёрад зи пас ту пеш фирист.
(Саъди)
Рӯйхати оятҳои Сураи Воқиъаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «