Тафсири Сураи Хадид – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳадид дар Мадина нозил шуда, аз 29 оят иборат буда, сураи 57-уми Қуръон аст.
«Ҳадид» оҳанро гӯянд. «Мо оҳанро фуруд овардем, дар он қуввати калон асту манфиати одамон» аз оят. Дар ин сура ба ҳукмҳои шаръӣ, тарбияи ҷамъияти муъминҳо ва тозагии ақидаи онҳо эътибор дода шудааст.
Дар ибтидои сура аз азамату бузургии Аллоҳ таъоло сухан меравад. Ончунон Худовандест, ки ҷамиъи мавҷудоти кавн бо тарзу услуби хоси худ Ӯро тасбеҳ мегӯянд (ба покӣ ёд мекунанд). Ҳама мавҷудот, ҳатто санг, ҳашарот ва ҳайвонот ба азамату ваҳдонияти Парвардигори худ шоҳидӣ медиҳанд.
Баъдан, сифатҳои ҳусно ва исмҳои улёи Офаридгор зикр мегардад. Аллоҳ таъоло аввал аст, бе ибтидо ва охир аст ва бе интиҳост. Зоҳир аст бо нишонаҳое, ки дар махлуқоташ вуҷуд дорад ва ботин аст, чуноне ки асли ҳақиқаташро ҳеҷ кас намешиносад. Ӯ холиқи инсону мудаббири олам аст.
Сипас сура мусалмононро панд медиҳад, ки дар роҳи Аллоҳ барои ҳақиқати Ислом ва баланд бардоштани шаъну шарафи он саховату нафақа кунанд. Муъмин бо молу дороии хеш бояд мағрур нагардад, балки чунин эътиқод дошта бошад, ки Худованд дунё ва молро ба банда чун амонат додааст. Зарур аст, ки инсон дар муқобили нафси худ ҷаҳд намояд, то дар дунё аз саодат ва дар охират аз савоби дилхоҳ баҳравар гардад.
Инчунин сухан аз аҳли имон меравад, ки дар қиёмат нур аз пешу ҷониби рости онҳо медурахшад. Мунофиқон мисли инсони шабкӯр дар зулумоти рӯзи қиёмат роҳгум мезананд, зеро онон ҳангоми зиндагӣ дар дунё мисли чорпоён дар ҷаҳлу нодонӣ ва айшу ишрат қарор доштанд.
Ҳақиқати дунё ва охират ба тамоми нозукӣ ва суратбандиҳои дақиқ баён мегардад. Дунё дорои фано буда, зоилшаванда аст. Маълум, ки одатан ба сабаби боридани борон дар Замин алаф мерӯяд ва ба тезӣ хушк гардида, зери таъсири омилҳои табиӣ қарор мегирад ва реза-реза мегардад. Дар навбати худ бод онҳоро ба ҳар сӯ пош медиҳад ва дере нагузашта, дар саҳроҳо чизе боқӣ намемонад. Дунё ҳам ба ҳамин монанд аст. Дори охират бошад, на муваққатӣ, балки ҷовидона аст.
Нуктаи дигаре, ки мавриди баррасии сура қарор гирифтааст, ин аст, ки пайғамбарон барои он фиристода шудаанд, то халқро ба роҳи Аллоҳ таъоло амр карда, даъват кунанд ва ҳақиқату адолатро ҷо ба ҷои худ гузоранд. Таъкидан баён мегардад, ки расулон мардумро ба роҳи тақво ва иқтидо ба роҳи Аллоҳ ҳидоят менамоянд.
Ин буд як назари кӯтоҳ ба мазмуни сураи мазкур.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳадид «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «