Сураи Ёсин Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 1

Бисмиллпҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

يٰسٓ ١

Ё сӣн. 1.

1. Ё, Син. (Бо мадди «ё» ва изҳори «нун» хонда мешавад, назди ибни Аббос (р) ба маънои «Эй инсон» маънидод шудааст. Валлоҳу аълам.)

Ҳарфҳои ё ва син мисли ҳарфҳое аст, ки дар дигар сураҳо аллакай мову шумо онҳоро вохӯрдаем. Чунин тарзи ифтитоҳи сураи Қуръон нишонаи муъҷиза будани Қуръон аст, ки ай мардум, ин ҳарфҳо барои шумо шинос аст, онҳоро дар сухан гуфтан истифода мекунед, аммо чун вориди китоби Худо мегардед, дар кушодани маънои онҳо шумо оҷиз мемонед. Зоҳир гардидани онҳоро дар шакли калимаи барои шумо ноошно акнун мебинед. Худо донотар аст.

Бо чунин ҳарфҳо оғоз гардидани сура далолат ба он мекунад, ки Қуръон аз сӯйи Аллоҳ омадааст ва эҷодкардаи бандаи хокӣ нест. Ин ҳарфҳоро ҳарфҳои ҳиҷоия гӯянд. Ибни Аббос (р) дар зимни маънои ҳарфи «ё» инсонро дар назар доштааст. Баъзе гуфтаанд, ки он яке аз номҳои Парвардигор ё яке аз номҳои ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Як зумраи дигар гуфтаанд, ки маънои «ё сайидил башар»-ро дорад. Аммо савоб ин аст, гӯем, ки он ҳарфҳое, ки баъзе сураҳо бо онҳо оғоз меёбанд, аз ҷумлаи муташобиҳот (сир) ба шумор мераванд, ба муроду мақсади ин ҳарфҳо Худо донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)