Сураи Ёсин – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин сураи 36-уми Қуръон буда, ба истиснои ояти 45-ум дигар ҳама оёти он дар Маккаи Мукаррама нозил шуда, аз 83 оят иборат аст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Ин сураи муборак се мавзӯи асосиро дар бар мегирад:

1-ум имони комил доштан ба баъсу нушур (зинда гардонида баъд аз миронидан).

2-юм, Қиссаи аҳли Қарияи Антокия ва

3-юм, баёни далоилу бурҳонҳои Қотеъеро, ки ба ваҳдонияти Аллоҳ таъоло далолат мекунанд.

Сура бо Қасам ибтидо гардида, бори дигар таъкид месозад, ки Қуръон ин як китоби бисёр азимушшаън буда, ваҳйи Илоҳист. Рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) росту дуруст буда, ӯ (с) Пайғамбари барҳаққи Худованди яктои ҳарду ҷаҳон аст. Баъдан аз Қавми саркашу туғёнгари Қурайшиҳо, ки ғарқи баҳри гумроҳӣ гардида, дар ҷоҳилӣ аз ҳад гузашта, рисолати Пайғамбари охируззамон (с)-ро дурӯғ бароварданӣ мешуданду ба ин рафторашон мубталои азоби Илоҳӣ гардиданд, сухан меравад. Боз Қиссаи Қавми Қарияи Антокия, ки ба расулони Аллоҳ бовар накарда, онҳоро дурӯғгӯй пиндоштанд ва инчунин касоне, ки ваҳйи Илоҳиро дурӯғ донистанд, дар ин сураи карима баёни худро ёфтааст. Онҳо ва амсоли онҳоро бо овардани панду андарзи Қуръони Ӯ Таъоло огоҳ намуда, аз гуноҳ кардан барҳазар кунонидааст.

Дар сура аз як муъмини ҳақиқӣ, яъне Ҳабиби наҷҷор ёд мешавад, ки хостааст Қавмашро аз гумроҳӣ наҷот дода, ба сӯйи роҳи рост ва саодатмандӣ ҳидоят намояд, вале ӯро аз пой афтонида ба ҳалокат расонидаанд. Худованди меҳрубон ин бандаи азизашро аз Ҷаннат маъво дода, он гумроҳонро бидуни гузаштани муҳлате бо як сайҳа (овози пурдаҳшати марговар) ба ҳалокат расонида, батамом несту нобуд сохтааст.

Барои исботи ваҳдонияти Аллоҳтаъоло ва нарм гардонидану бовар кунонидани ҷоҳилони тундрав аз аҷоиботи беназири олами ҳастӣ, ки Офаридгори ҳамаи онҳо Холиқи ҷаҳониён аст, мисол оварда мешавад. Аз чумла, гуфта мешавад, ки Замин бо ин бузургӣ ва паҳноияш офаридаи Худованд аст ва ҳама махлуқи дар рӯйи он сукунатдошта эҷоди Парвардигор ягона асту ҳеҷ чиз аз иҳотаи иродаи Ӯ таҷовуз намекунад. Инчунин Офтобу Моҳтобу ситорагон ва тамоми сайёрагон аз рӯйи низоми муайян ҳаракат намуда, ҳеҷ кадоме аз ихтиёри Офаридагори худ берун сайр накунанд ва меъёри аз сӯйи он Зоти пок муқарраршударо вайрон накунанд. Офтоб ба Моҳтоб ва на шаб бар рӯз таҷовуз накунад. Ҳар кадом аз рӯйи меъёри Аллоҳтаъоло барояшон муайяннамуда барои махлуқот хидмат намоянд.

Абру боду Маҳу Хуршеду фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахурӣ.
Ин ҳама баҳри ту саргаштаву фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

(Саъдӣ)

Сипас аҳвол рӯзи Қиёмат, дамидани сур, баъсу нушур, (аз нав зинда шуда хестани мардум аз Қабрҳояшон), аз ҳамдигар чудо кардани муъминону муҷримон дар он рӯзи пурдаҳшату бисёр пурҳарос, ба тафсил баён мегардад. Ин сураи карима бо тарзу услуби хоси худ аз маъво гирифтани суъадо (некбахтон) дар Ҷаннат ва манзил гирифтани муҷримон (бадкорон) дар Ҷаҳим (Дӯзах)-и пуразоб чун сураҳои пешин, ба хонанда бори дигар маълумот медиҳад.

Сураи мубораки «Ёсин» ба мавзӯи асосии рӯзи ҷазо дахл намуда, ба вуқӯъ омадани он рӯзро бо далелу бурҳонҳои раднашаванда исбот месозад ва бо ҳамин хотима меёбад.

Дар бораи ҳикмату бузургии ин сура ва мазмуну мундариҷаву ғояи он китобҳо навиштан мумкин, вале мақсади мо аз ин муқаддимаи кӯтоҳ ин аст, ки шумо азизонро барои мутолиаи ин сураи баландмартаба, ки дар дигар тафсирҳо бо таври васеъ навишта шудааст, омода созем.

Ин сураро барои он «Ёсин» хондаанд, ки Ҳақсубҳонаҳу ва таъоло бо ҳамин ҳарфҳо (ё ва син) сураро ифтитоҳ бахшидааст.

Дар бораи фазилати ин сура ҳазрати Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Ҳар як чизеро дилест ва дили Қуръон сураи «Ёсин» аст ва дӯст доштам, ки дар Қалби ҳар як уммати ман ин сура бошад.»

Дар ҳадиси ғариб Абӯ Исои Тирмизӣ оварда, ки Расули Аллоҳ (с) фармудаанд: «Ҳар шахсе як маротиба «Ёсин» бихонад, Аллоҳтаъоло дар номаи аъмоли он банда 10 маротиба савоби хатми Қуръонро сабт намояд».

 

Аз сифатҳои дигари ин сура ин аст, ки уламо фармудаанд: «Дар сурати пеш омадани кори сахту ҳалталаб агар «Ёсин» хонда шавад, Худованди таборак ва таъоло онро осон гардонад».

Ҳамчунин дар мазмуни ҳадисҳо дида мешавад, ки дар назди шахси дар холати назъ (марг) буда хондани ин сура ба хотири нузули раҳмат ва баракат аст, то хуруҷи рӯҳ ба он шахс осон муяссар шавад. Аллоҳ донотар аст.

Ин буд маълумоти андак дар бораи сураи «Ёсин».


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фотир Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)