Тафсири Сураи Ёсин Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 12
اِنَّا نَحۡنُ نُحۡىِ الۡمَوۡتٰى وَنَكۡتُبُ مَا قَدَّمُوۡا وَاٰثَارَهُمۡؕؔ وَكُلَّ شَىۡءٍ اَحۡصَيۡنٰهُ فِىۡۤ اِمَامٍ مُّبِيۡنٍ ۱۲
Инна наҳну нуҳйи-л-мавта ва нактубу ма Қаддаму ва асараҳум. Ва кулла шай-ин аҳсайнаҳу фи имами-м мубӣн. 12.
12. Албатта, Мо мурдагонро зинда мегардонем ва он чӣ пеш фиристодаанд ва осореро, ки дар ақиб гузоштанд, менависем ва ҳар чизро дар Китоби ошкор (номаи аъмоли ҳар шахс) иҳота кардаем.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло зимни ин оят фармудааст, ки мурдагонро барои ҳисобу подоши амал, то ин ки натиҷаи амалҳои дар дунё содир кардаи худро ёбанд, албатта бори дувум, зинда мегардонем. Мо ҳар амалеро, ки инсонҳо тақдим намуданд, ё баъди сари худ гузоштаанд, хоҳ хайр буду хоҳ шар, онро иҳота намуда китобат намудаем. Ҳеҷ як амали онҳо аз мадди назари Мо дур намондааст. Ҳатто ба сӯйи масҷидҳо Қадамҳои гузоштаи онҳо навишта шудааст. Агар амали хилофи шаръи шариф заррае карда бошанд ҳам, он зоҳиран дарҷи худро ёфтааст. Дар саҳеҳ-и Муслим омада, ки «бани Салам» вақто ки мехостанд кӯчида ба наздикии масҷид биёянд, Расулуллоҳ (с) ду маротиба ба онҳо гуфт: «Диёракум туктабу осоракум», яъне диёри худро истиқоматгоҳ бигиред, агарчӣ аз масҷид дур бошад! Зеро нақши Қадамҳои шумо дар ҳисоби ҳасанот навишта хоҳад шуд. Хулоса, ҳар амале, ки аз инсонҳо сар занад, ҳамаи онҳо забту иҳота шуда, дар номаи аъмоли бандагон сабт шуда аст. Фардо рӯзи Қиёмат онҳо хонда хоҳанд шуд. Ин навиштану забту иҳотаи амалҳо зоҳиран барои маслиҳату интизоми инсонҳост вагарна дар илми азалии Аллоҳтаъоло Қаблан ҳама мавҷуд асту ҳозир.
Аллоҳтаъоло дар ояти зер аз саргузашти мардуми он деҳае ёд мекунад, ки пайғамбари Аллоҳро дурӯғгӯй ҳисобида, ба гуфтаҳояш бовар накарданд. Аллоҳтаъоло онҳоро бо як овози тунди осмонӣ ба ҳалокат расонид:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «