Сураи Ёсин Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 18

قَالُـوۡۤا اِنَّا تَطَيَّرۡنَا بِكُمۡۚ لَٮِٕنۡ لَّمۡ تَنۡتَهُوۡا لَنَرۡجُمَنَّكُمۡ وَلَيَمَسَّنَّكُمۡ مِّنَّا عَذَابٌ اَلِيۡمٌ ١٨

Қолу инна татайярна бикум. Ла ил лам тантаҳу ла нарҷуманнакум ва ла ямассаннакум-м минна ъазабун алӣм. 18.

18. (Аҳли Қария) гуфтанд: «Албатта, мо ба шумо фоли бад гирифтем, агар (аз ин кор) бознаистед, албатта шуморо сангсор кунем ва албатта аз мо ба шумо азоби дарднок бирасад!».

Шояд баъзе аз он Қавм даъвати расулони Аллоҳро пазируфтанд, ҳамин боис гардид, ки дар миёни онҳо ихтилофи назару ноиттифоқӣ ба амал омад. Тоғиёни аҳли деҳа ба фиристодаҳои Аллоҳ гуфтанд, ки мо ҳамаи ин бе боронӣ ва Қаҳтие, ки бар сари мо омадааст, аз касофати ва шумии Қадами шумо дида истодаем. Бинобар ин расулони Худоро таҳдид намуда, гуфтанд, ки агар шумо аз ин роҳи пешгирифтаи худ, яъне аз таъкид ба тавҳид ва баргардонидани мо аз динамон боз наистед, ба Худо Қасам, ки шуморо сангсор мекунем ва бо бадтарин аҳвол шуморо ҳалок хоҳем кард. Расулони Аллоҳ инро шунида…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)